Сармоягузори “Роғун” пайдо шуд!?
Бонки исломии рушд барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» 150 млн доллар ихтисос медиҳад. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи маблағгузории сохтмон ахиран аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Мансур Мухтор, ки дар Душанбе қарор дошт, баррасӣ шудааст. Вазир таъкид кард, ки ҳоло лоиҳаи созишнома омода мешавад.
Завқизода ҳамчунин идомаи музокира бо дигар донорҳоро дар масъалаи маблағгузории сохтмони асри Тоҷикистон таъйид кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2023 ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди минбаъдаи нерӯгоҳи барқи обӣ ҷалби ҳудуди 314 млн долларро пешбинӣ кардааст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ахиран гуфт, ки қарор аст як консорсиуми шабеҳи тарҳи CASA-1000, ки аз сӯи ниҳодҳои молии байналмилалӣ маблағгузорӣ шудааст, таъсис дода шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир бо сармоягузорони эҳтимолӣ, ки аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида намояндагӣ мекунанд, музокирот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар «Роғун» 2 чарха фаъолият дошта, сохтмони он идома дорад. Интизор меравад, ки нерӯгоҳ бо иқтидори беш аз 3600 МВт калонтарин дар минтақа гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ