толеънома

Толеъномаи 21-уми феврали соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз дар бораи кори нав ё аз худ намудани касбу кори дигар андеша карданатон бамаврид аст. Барои расидан ба мақсади худ кӯшиш намоед, он гоҳ ҳам вазъи молиявиатон хуб мегардаду ҳам асабатон ором мешавад. Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хуб аст, вале андаке меҳрубону боҳарорат бошед. Кори ба нақша гирифтаатонро ба таъхир гузоред, нафаре дар ҳақатон бадӣ кардан мехоҳад.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи бобарор аст. Баъзеҳо соҳиби вазифа мешаванду аз ҷониби роҳбарият таърифу тавсиф мешунаванд. Ба танқиди ҳамкорон бомулоҳиза амал намоед, хусусан агар он арзанда бошад. Дар тиҷорати шахсӣ ба ҳамкорони худ бовар кунед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон рашки беҳуда накунед. Ба саломатии шахси бароятон азиз диққат диҳед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо корҳои муқаррарии худ машғул шуда, барои оянда нақша насозед. Аз ғалатҳои дар гузашта содирнамудаатон хулосаи дуруст бароварда, муносибатро бо шахси бароятон азиз хубтар месозед. Барои ба бозор рафтану харид кардан рӯзи дигарро интихоб намоед. Андаке худро нотоб ҳис мекунед, вале баъди нисфирӯзӣ ҳолататон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳар қадаре бештар заҳмат кашед, ҳамон андоза дар ҷамъият ва коллектив мавқеи худро мустаҳкам месозед. Дар муносибатҳои оилавӣ ба нобовариву шубҳа роҳ надиҳед. Ба нафароне, ки бо ваъдаи пули калон шуморо ба кори худ ҷалб кардан мехоҳанд, бовар накунед. Ба вохӯрии ошиқона рафтанро маслиҳат намедиҳем.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Дар тамоми корҳоятон бодиққату ҳушёр бошед. Ба садои қалби худ гӯш андохта, нуқтаи назари шахсони бароятон наздикро бодиққат гӯш кунед. Барои саргузаштҳои ошиқона ва харидани туҳфа барои дӯстдоштаатон рӯзи мусоид аст. Ташхиси бемориҳоро ба таъхир нагузоред.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Бо истифода аз давоҳои халқӣ масунияти худро мустаҳкам кунеду ба сауна равед. Ҷисми худро аз ифлосиҳо тоза карда, бегоҳирӯзӣ дар ҳавои тоза сайр кунед. Ба муомилаи сарди атрофиён бо сабру таҳаммул ҷавоб диҳед. Ба баҳсу мунозираи беҳуда роҳ надиҳед, вагарна ба ғайр аз асабоният чизи дигаре намебинед. Баъди нисфирӯзӣ қобилияти ба атрофиён таъсир расониданро пайдо мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳангоми шиносоиҳои нав хеле бодиққат бошед. Ба садои қалби худ гӯш андохта, инсонро хубтар мешиносед. Ба саломатии худ бодиққат бошед, ба нишонаҳои беморӣ беэътиноӣ зоҳир накунед. Дар ин рӯз маъракаву шабнишиниро ба нақша нагиред. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ваъда надиҳед, вагарна дӯстдоштаи худро меранҷонед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи номусоид аст, муваққатан заифии худро эҳсос мекунед. Мушкилиҳои касбӣ аз шумо қувваи зиёдро талаб мекунанд. Организми шумо ба табобати пурра эҳтиёҷ дорад. Хавотирӣ ва гувоҳии дил аз пешомади бад ба саломативу ҳолати руҳиятон бетаъсир намемонад. Мушкилиҳои ҳаётиро ба дил наздик қабул накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар муносибат бо ҳамкорон мушкилӣ имкон дорад, баъзеҳо хислати ба кори дигарон дахолат накардану шаъну шарафи худро паст назадани шуморо ҳамчун кибру ғурур қабул мекунанд. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Дар сомонаҳои интернетӣ ба шиносоиҳои ошиқона роҳ надиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Тамоми нақшаву ниятҳо ва вохӯриҳои шахсӣ муваққатӣ буда, садди роҳи пешравии корҳоятон ё ба даст овардани даромади пулӣ мегардад. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб ё бедорӣ ифлос кардани либос аз рух додани нохушӣ дарак медиҳад. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки ба наздикӣ ақди никоҳ мебандед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар муносибатҳои ошиқона дар ҷустуҷӯйи шахси идеалӣ нагардед, дӯстдоштаи худро бо тамоми камбудиҳояш қабул кунед. Корҳои вобаста бо сохтмон, тарғибот ва санъат бобарор анҷом меёбанд. Аз нафароне, ки сидқан ба шумо некӣ мехоҳанд, наранҷед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон меҳри беандоза пайдо мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Барои аксари ҳутҳо рӯзи душвору пурмасъулият аст. Қисми зиёди мушкилиҳои худро то нисфирӯзӣ ба анҷом расонед. Барои ба даст овардани маблағи хуб кӯшиши зиёд карданатон лозим меояд. Дар ҳаёти шахсӣ дилсардӣ байни зану шавҳарон дида мешавад. Сабаби ҷудоӣ дар хастагӣ, ҷангу ҷанҷол, рашк ва хиёнат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *