Сармураббии “Реал”-ро ба ҷавобгарии судӣ мекашанд?
Сармураббии «Реал» Мадрид Карло Анчелотти эҳтимолан вобаста ба қаллобӣ дар андозсупорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Бино ба иттилои нашрияи Marca, мураббии итолиёвӣ ба он айбдор карда мешавад, ки соли 2014 аз мақомоти андозӣ маблағи ҳаҷмаш 400 ҳазор евроро, ки аз ҳуқуқҳои имиҷӣ ба даст омадаанд, пинҳон кардааст.
Новобаста аз он, ки судя қарор кардааст Карло чунин маблағи ба дастомада аз ҳуқуқҳои имиҷиро қонунӣ накардааст, тафтишот нишон додааст, ки Анчелотти дар қонунвайронкунии дувум куллан айбдор нест. Ин ҳам қоидавайронкунии андозӣ дар соли 2015 мебошад.
Эҳтимолан мурофиаи судӣ, ки ба наздикӣ баргузор мешавад, бо қароре анҷом меёбад, ки мутобиқи он мураббӣ метавонад ба маҳрумият аз ҳуқуқи озодӣ бидуни пардохти ҷаримапулӣ розӣ шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ