Амонатбонк: Шарҳи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Рашту Хатлон

Ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати “Амонатбонк” Юсупов Б.Г. бо кормандони филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт вохӯрӣ гузаронд.  Ҳадаф аз ин мулоқот фаҳмонидани моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад.

Зикр гардид, мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки воситаи асосии таъмини муборизаи ошкоро бар зидди коррупсия, ин тақвияти шаффофияти фаъолияти кормандони филиалҳо, инчунин таъмини дастрасӣ ба иттилоот, гузаронидани чорабиниҳо барои таъсиси фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани фаъолнокии кормандон ҷиҳати мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба тартиб ва дар амал иҷро намудани нақша чорабиниҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои соли 2023,   аз кормандони филиалҳои “Амонатбонк” ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии бандҳои нақшаи мазкур таъкид ба амал оварда шуд.

Хадамоти матбуоти КВД БА ҶТ “Амонатбонк”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *