Сармураббии тими миллии Ӯзбекистон барканор шуд
Дар ин бора Эътилофи футболи Ӯзбекистон хабар дод.
Эктори Купери аргентинӣ моҳи августи соли гузашта сармураббӣ таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии вай тими миллии Ӯзбекистон дар Ҷоми Осиё-2019 дар марҳилаи 1/8 финалӣ шикаст хӯрда буд.
«Эътилофи футболи Ӯзбекистон аз Эктор Купер ва ҳайати мураббиёнаш барои фаъолият дар Ӯзбекистон изҳори сипос мекунад ва орзуи муваффақият дорад», — омадааст дар изҳороти эътилоф.
Ҷуброни бекорсозии якҷонибаи шартнома ҳанӯз эълом нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки Куперро кӣ иваз мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ