Сарнавишти марде, ки 20 сол боз бо хоҳиши худ роҳҳоро таъмир мекунад

Тоҳири роҳсоз

Марди миёнақади газгӯшти тануманд аробаро аз роҳи кӯпруки сойи Ёхсу ба сӯи поён фуровард. Пас аз тай кардани 300 метр роҳ ба регзори мувофиқ расиду аробаро рост гузошта, аз дохили он каҷбелро ба даст гирифт. Аз қуму шағали чун тилло тозаи сой ба ароба бор карду онро телакунон ба роҳи пештарааш, ба болои кӯпрук баровард. Каҷбелро гирифта, сӯрохию чуқуричаҳоро бо регу қум пур кардан гирифт. Паҳноию дарозии ин кӯпруки азим аз 300 метри квадратӣ ҳам мегузарад. То фурӯ рафтани офтоб ҳама ҷоро тахту ҳамвор намуд. Акнун нав мондашавиро ҳис карда, дар лаби бетон, остонаи кӯпрук назди белу аробааш нишаста буд, ки наздаш як ҷипи сиёҳи сиёҳшиша омада истод. Ронанда оинаро поён карда, садо намуд:

— Акаи Тоҳир, инҷо биё!

Ӯ оромона аз ҷояш хеста, назди мошин рафт ва 100 сомонии дарозкардаи ронандаро гирифта, ба пешкисаи таги фуфайкааш андохт.

— Амакӣ, барои роҳҳамворкунӣ раҳмат!,- гуфту роҳи Ховалингро пеш гирифт ронанда.

Ҳар рӯз аз ин роҳ садҳо ё шояд ҳазорҳо воситаҳои нақлиёти хурду бузург равуо доранд. 20 сол боз онҳоро Тоҳир, як марди хайркору савобҷӯ қабулу гусел мекунад. Рӯзҳои боронгарӣ ва ё баъди сел ба Тоҳир лозим меояд, ки то 8-9 ароба шағал оварда резад, тахту ҳамвор намояд. Ҳама ӯро мешиносанд. Баъзеҳо гумон мебаранд, ки ӯ коргари идораи роҳсозисту дар ин қитъа муваззаф аст. Вале ӯ узви ин  идора ҳам нест.

Аз роҳбари идораи роҳсозии шаҳри Кӯлоб Парвиз Давлатов хоҳиш кардам, ки Тоҳир Исоевро ба кор бигиранд, то фардо ба нафақабароияш кумак шавад. Ӯ гуфт, ки дар ин бора аллакай бо ӯ суҳбат кардем, вале розӣ нашуд. Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки пулҳои аз ронандагон гирифтаашро сарфи зиндагии ҳаррӯзааш намекунад. Балки онҳоро бурда ба нодору бечораҳо садақа мекунад ё ба хатиби масҷиди деҳа медиҳад.

Тавре раиси ҷамоати деҳоти Даҳана Фарҳод Зоғаков иброз намуд, Тоҳир Исоев зодаи деҳаи Тоқапа буда, падару модараш аз деҳқонони инҷоянд. Ҳоло худаш танҳо дар як хонаи хасӣ зиндагӣ мекунад.

Раиси кумитаи маҳал Давлат Бобоев бошад, зикр кард, ки Тоҳир  сиҳату саломат буду ба корҳои деҳқонӣ шуғл дошт. Баробари оғози даргириҳои дохилӣ ӯ ба водии Вахш рафта, дар қисми қумандон Файзалӣ Саидов бар зидди душманони миллат баҳри дифои Ҳукумати конститутсионӣ муборизаи беамон бурд. Қассобию ваҳшониятҳои исломгароёни ифротии наҳзатиро бо чашми сар дида, ҳеҷ ақлаш намегирифт, ки одам зидди одам чунин амалҳои разилона, палидона, манҳусона кунад. Дар давоми ду сол Тоҳир гӯё аз худ бегона шуда буд. Дигар замину осмонро фарқ намекард. Баъди табобати одамони хайрхоҳ ӯ ба зодгоҳаш омаду аз ҳама канорагирӣ мекард ва оқибат таъмири роҳи кӯпрукро машғулияти асосӣ ҳисобида, ба ин амали хайру савоб даст зад. Агар Тоҳир дар ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон дар Фронти халқӣ ҷонбозиҳо карда, бошад, ӯ имрӯз ба қавле бознишаста, ҳақиру муҳтоҷ шудааст. Оё намешавад, ки мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ба ин муборизи роҳи истиқлол имтиёзе, нафақае, ёрии амалие расонанд?

Дар минтақаи Кӯлоб соҳибкоре пайдо мешуда бошад, ки барои ин марди савобкор — Тоҳири роҳсоз хонае созад?

Нурулло ҲАСАНОВ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *