Сарояндагони машҳури узбек дар Душанбе

Бо хатсайри махсуси ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» беш аз 100 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд.

Онҳо дар консерт таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки рӯзи 9 март бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маҷмааи «Кохи Борбад» доир мегардад, иштирок мекунанд.

Чуноне аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар додаанд, ҳамчунин зикр карданд, ки дар ин консерт аз ҷониби Тоҷикистон иштироки 150 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиён дар назар аст.

Ба гурӯҳи ҳунармандони Ӯзбекистон дар ин консерт аз ҷумла Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров, Озодбек Назаров ва дигарон шомил шудаанд.

Тавре пешбинӣ мешавад, Тоҷикистонро дар ин консерт ҳунармандони маъруф Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, сарояндаи опера Рустам Дулоев, сароядагони «Шашмақом» ва дастаҳои рақсӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар консерт ба ҷуз сарони кишварҳо, аъзои ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанба ва аҳли ҷомеа низ иштирок мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *