Сарояндаро тарк кунам ё домодшавандаро?

Салом кормандон ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила”. Маро як муаммои зиндагӣ маҷбур намуд, ки ба газета нома нависам. Духтари худотарсу покдоман ҳастам. Худо шоҳид аст, ки ягон кас бо нияти бад дастамро надошта буд, вале бо сарояндаи писандидаам вохӯрдаму сари калобаамро гум кардам.

Бори аввал ману ӯ мисли ҳофиз ва мухлис суҳбат кардем. Вай аз ман чизеро пинҳон надошта гуфт, ки зан ва ду фарзанд дорад. Азбаски мухлиси ашаддияш будам, баъди ин боз чанд бори дигар ба ӯ занг задам. Телефонӣ суҳбатҳои ширин мекардем. Як рӯз сарояндаи дӯстдоштаам маро ба вохӯрӣ даъват кард. Бе ягон дилу нияти бад рафтам. Гумон доштам, ки мисли акаю хоҳар суҳбат мекунем, вале ҳофизи писандидаам маро бӯса карда, хост наздикӣ кунад. Хоҳишашро рад намуда гуфтам, ки  худро ба даст бигирад, охир вай марди зану бачадор аст, ман бошам, духтари хона ҳастам ва ҳаётамро бо дасти худам сӯхтан намехоҳам. Ҳофиз бахшиш пурсида, қасам хӯрд, ки ба ман зарар намерасонад. Ҳамин тавр боз  чанд бори дигар вохӯрдем. Вай ба ман наздикӣ намекунад, танҳо суҳбат мекунему халос, вале эҳсос мекунам, ки ӯро девонавор дӯст доштаам. Як рӯз овозашро нашунавам, ягон чизи бисёр қиматбаҳоро гум кардагӣ барин беқарор шуда, худро ба куҷо заданамро намедонам. Шаб то саҳар телефонӣ чақ-чақ мекунем. Занаш аз суҳбатҳои ширини мо ба ғазаб омада, чанд бор бо ман ҷанҷол кард, ки чаро ту ба шавҳари ман занг мезанӣ. Шавҳарат ба худат насиб кунад, ман танҳо ҳамчун мухлис бо ӯ гап мезанам гуфта, дилашро пур кардам, вале дар асл ман ин мардро бо тамоми вуҷудам дӯст медорам. Волидонам аз ин сару савдо хабар надоранд ва чанде пеш маро бо як ҷавон фотиҳа карда, ба тӯй тайёрӣ дида истодаанд. Аввалҳои моҳи август маҳфили арӯсиам барпо мегардад, вале ман то ҳол аз ҳофизи дӯстдоштаам дил канда наметавонам. Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки ӯро фаромӯш кунам, намешавад, дастам боз беихтиёр рақамҳои ӯро мечинад ва бо дили моломоли ишқ садои форамашро гӯш мекунам. Сарояндаи писандидаам низ айнан дар чунин ҳолат аст, баъзан “ман ба ту бахт мехоҳам” гуфта, бо ман видоъ менамояд ва ҳатто рақами телефонашро иваз мекунад, аммо баъди ду-се рӯз боз худаш ба ман занг зада, иқрор мешавад, ки бе ман зиста наметавонад, чунки бо ман сахт одат кардааст. Қасам хӯрда мегӯяд, ки мухлисонам бисёранд, вале бо ягонтоашон чунин муносибати наздик надоштам. Ин марди оиладор дар байни ду соҳил монда, сарҳисоби корро гум кардааст, баъзан ба ғазаб омада маро дашном медиҳад, аммо як лаҳза пас бахшиш пурсида мегӯяд, ки ишқи ту маро девона кардааст, на туро ба занӣ гирифта метавонам ва на аз ту дил канда. Вақте тасаввур мекунам, ки ҳамагӣ баъди ду моҳ ту арӯс шуда, ба оғӯши марди дигар медароӣ, аз рашку алам девона мешавам. Мефаҳмӣ, девона мешавам!  Намедонам аз ман чӣ мехоҳад, на рафтан мемонад, на ягон ваъдаи мардона медиҳад, ки дилам пур шавад. Чанд бор рақамҳоямро иваз кардам, вале аз куҷое рақами навамро ёфта боз занг мезанад ва дили волаю шайдои маро бо гапҳои ширинаш обу адо мекунад. Чеҳраи зебояш ҳатто як лаҳза аз пеши назарам дур намеравад. Шабу рӯз ба ёдаш ашк рехта бо худованд мунозира мекунам, ки чаро маро ба доми ишқи беҳосили ин ҳофиз афканда ин қадар месӯзонад. Хонандагони азиз, дар миёни дуроҳаи зиндагӣ монда, чӣ кор карданамро намедонам, илтимос, ба мани дилдода маслиҳат диҳед. Ҳофизро фаромӯш кунам ё аз баҳри тӯй ва домодшаванда гузашта зани дуюми сарояндаи писандидаам шавам?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

17 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *