Директори порахӯр ба даст афтод

Бино ба маълумоти ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи сокини шаҳри Конибодом, директори яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи феврали соли 2017 аз зани 55-солаи сокини шаҳри Конибодом барои гузаронидани набеарааш аз як синф ба синфи дигар, ки дар соли хониши 2016-2017 дар дарсҳо иштирок накардааст, 10000-рубли Федератсияи Россияро ҳамчун пора талаб намудааст.

Санаи 5-уми июли соли 2017, тахминан соати 14:00-дақиқа, номбурда дар ҳудуди бинои мактаб ҳангоми гирифтани маблағи 10000-рубли русӣ дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *