Сарвар Сурия рафту оилаашро бесарвар кард
Нилуфар Нишонова, ҳамсари Сарвар аст ва дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №6 деҳаи Куруши ҷамоати Куркат муаллима мебошад ва аз фанҳои дақиқ дарс мегӯяд. Зан аз он ашк мерезад, ки худ барои ба донишгоҳҳои олӣ омода кардани хонандагони мактаб кӯшиш мекунад, вале аз дасти шавҳараш натавонист ягон фарзандашро ба донишгоҳ дохил кунад:
Ҳамсари Сарвар-Беш аз як сол аст, ки шавҳарам дар маҳбас қарор дорад. Шавҳарам номаш сарвар, вале имрӯз оилаамон бесарвар ва ҳамаи мо назди мардум мустару муттаҳам. Ҳар гоҳ ягон донишҷӯро бинам дилам ба фарзандони худам месӯзад, ки на танҳо ба донишгоҳ дохил нашудаанд, инчунин назди ҳамсинфону дӯстонашон аз хатои кардаи падар забонкӯтоҳу сархам ҳастанд.
Сарвар сабақи хато гирифту ба роҳи хато рафт
Сарвар Раҳмонқулов соли 2000 барои муҳоҷирати меҳнатӣ бо ҳамдеҳагонаш Шавкат, Камол, Охун, Мирзоалӣ ва бародар Баҳодур ба шаҳри Волгогради Федератсияи Руссия рафтааст ва онҷо бо корҳои деҳқонӣ машғул шудааст. Октябри соли 2000 ба деҳааш баргашта дар ин ҷо низ ба корҳои деҳқонӣ машғул шуда, дар баробари ин шуғл намозхониро аз Аҳрор Исмоилов ном ҳамдеҳааш омӯхтааст. Сипас барои пурра аз худ намудани намозхонӣ назди Асадулло ном домулло рафта сабақи динӣ гирифтааст.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксар афроде, ки ба роҳи хато мераванд натиҷаи сабақи хатои динӣ аст. Ба гуфти Раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ “сабаби асосии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва пайвастани онҳо ба Иттиҳодияҳои террористӣ-экстремистӣ надоштани дониши кофии динӣ ва паст будани маърифати динӣ аст. Агар ҷавонони мо саводи кофии динӣ медоштаанд пойбанди суханони фитнаангези гурӯҳҳои мухталиф намешуданд. Ислом дини адолат аст на ҷаҳолат.Масалан, як нафар террористи худкуш маконеро метарконад. Ислом аз ў безор аст, агар ҳам умед дорад, ки вориди ҷаннат мегардад. Аммо дар ҳақиқат, тибқи таълимоти Қуръони карим, Сураи «Нисо», ояти 93, ҷои ў ҷаҳаннам аст ва дар ҳадиси шариф омадааст, ки ҳатто бўи биҳишт бар вай намерасад”.
Сарвар 6 сол боз дар Русия буд, вале вазъи зиндагияш бад шуду беҳ не
Муовини раиси ҷамоати Куруш-Мавҷуда Қучқорова аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки Сарвар Раҳмонқулов бо вуҷуди он ки беш аз 5 сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафт, аммо вазъи зиндагияш аз пештара бад шуду беҳ не:-Ҳатто маблағ нафиристоданду ба оилааш дер-дер тамос мегирифтанд, ки боиси шубҳаи ҳамсар ва дигар ҳамдеҳагон гашт. Ҳар гоҳ, ки ҳамсараш барои кӯмаки моддӣ ба ҷамоат муроҷиат мекард, пурсон мешуд, ки “Ё шавҳарам дар он ҷо оилаи дигар барпо карда моро фаромӯш кард?”.
Муовини раиси ҷамоати КурушТӯйи ягона духтарам аз дасти падараш ба мотам табдил ёфт
Ҳамсари Сарварро на танҳо паси панҷара бурдани шавҳар, инчунин бепадар ба хонаи бахт гусел кардани духтараш бештар ғам медиҳад. Зан аз он нигарон аст, ки мабодо ҷониби қудо “падари ту маҳбус,падари ту террорист” гуфта ӯро таънаву маломат накунанд:-“Набудани шавҳарам маҳз дар рӯзи туйи ягона духтарамон маълумтар шуд. Зеро тӯйи мо мисоли мотам бо ашку нола гузашт. Духтарам зери чодари арӯсӣ бо тамоми овоз гирист, ки падараш дар маҳбас асту аз дидани бахти фарзандаш бенасиб”.
Омили афзоиши ҷинояти террористӣ “таҳсилоти ғайриқонунии динӣ” аст
Додситони вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидовафзоиши ҳолатҳои ҷиноятҳои дорои характери террористӣ ва экстремистидоштаро хеле ташвишовар хонда, гуфт: “Агар ин масъаларо мо ташвишовар ҳисоб накунему мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза набарад, пас муқобили мо мубориза мебаранд. Мо аз ваколатҳои худ истифода бурда, ин масъаларо пайваста дар вохӯриву ҷаласаҳо ва конфронсҳо мавриди муҳокима қарор медиҳем”.Инчунин Воҳидов яке аз омилҳои афзоиши ҷиноятҳои мазкурро “таҳсилоти ғайриқонунии динӣ” унвон кард, ки ин ҳолро мо дар тақдири талхи Сарвар ҳам мушоҳида кардем.
Оқибати “хунин”-и зиёфати гӯштин
Тахминан моҳи июни соли 2014 Элдор Ҳотамов дар Русия(айни ҳол дар маҳбас аст) ба муносибати зодрӯзи фарзандаш зиёфат ташкил кардааст. Дар ин маъракаи Сарвар Раҳимқулов ва Элдор Ҳотамоврафта будаанд. Пас аз хӯрдани хӯрок Мансур ва Хайрулло онҳоро ба ҷиҳод даъват карда, таъкид кардаанд, ки бояд ба давлати Сурия рафта, бо ҳамроҳии “муртадҳо” бар зидди душманони Ислом ҷанг кунанд. Моҳи июни соли 2014 Сарвар бо ҳамроҳии ҳамдеҳагонаш Ғайратҷон Раҳимов, Элдор Ҳотамов (ҳарду ҳам айни ҳол дар маҳбасанд) ва дигарон ба шунидани амри маъруфи Мансур ва Хайрулло мераванд. Дар он маърака ин ду “амри маъруфчиён” бештар дар бораи ҷангҳои Сурияву Ироқ, оид ба ҷиҳод кардан фарз аст ва инчунин оид ба расонидани кӯмаки пулӣ ба бародароне, ки дар давлати Сурия ҷангида истодаанд амри маъруфҳо кардаанд.
Сарвар ҳар моҳ 500 рубл “аъзоҳаққӣ” месупорид, аммо оилааш мӯҳтоҷи нон буд
Дар ҳалномаи судии Раҳмонқулов Сарвар оид ба додани аъзоҳаққияш ба Иттиҳодияи Террористӣ омадааст:-Сарвар Раҳмонқулов дар баёноташ оид ба аъзоӣ ба Иттиҳодияи Террористии “Ҷундуллоҳ” навиштааст: “Ман Раҳмонқулов Сарвар бо роҳи Ислом то охири нафасам хизмат мекунам, барои зиёд намудани сафи ҷамоат даъват мекунам, барои ташкил шудани давлати Хилофати Бузург хизмат мекунам ва ҳамаи супоришҳои Амирамро бечунучаро иҷро мекунам ва агар лозим шавад ҷони худро дар ин роҳ фидо мекунам. Сарвар пас аз аъзо шудан ба Иттиҳодияи мазкур барои кӯмак ба бародароне, ки дар ҷангҳои ҷиҳод иштирок карда истодаанд ҳар моҳ ба арзиши 500 рубли русӣ маблағ месупурдааст.
Писарам хоҳиши ба СИЗО рафта падарашро дидан надорад, аммо..
11 январи соли 2016 Раҳмонқулов Сарвар Эргашевич барои содир намудани ҷиноят бо қисми 2-и моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Аз рӯзи ҳабс шудани Сарвар вазъияти зиндагии оилаи ӯ аз пештара ҳам вазнинтар шуд. Ба гуфти ҳамсараш онҳо ҳар ду моҳ барои вохӯрии кӯтоҳмуддат ва дар се моҳ як маротиба барои вохӯрии дарозмуддат ба шаҳри Хуҷанд меоянд ва ин ҳама омаду рафтҳои хароҷоти хосро тақозо мекунад:-Ба чашми писари хурдиям нигоҳ карда наметавонам. Зеро падараш байни фарзандон аз ҳама зиёд ӯро дӯст медошту эрка мекард. Аммо писарчаам намехоҳад, ки ба маҳбас рафта падарашро бинад. Ӯро маҷбур карда мебарам, зеро шавҳарам аз ҳама бештар ҳамин писарамонро пазмон мешавад.
Ин аст ҳаёти як ҷавонмарде, ки ба туфайли оқибати корро наандешидан ва фирефтаи суханони миёнаравҳои “Давлати исломӣ” шудан як не се фарзанди худро дар кӯчаи оворагӣ гузоштааст.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ