Муҳоҷири таҷовузкорро 9 сол зиндонӣ карданд

Додгоҳи шаҳри Колчугинои Русия Беҳрӯз Носирови 27-сола аҳ Тоҷикистонро бо ҷурми алоқаи ҷинсӣ бо ду духтари 12-сола ва як духтари 13-сола ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Беҳрӯз Носиров гуфтааст, ки ин се духтар ӯро тӯҳмат кардаанд, вале тафтишот мегӯяд, ки ӯ дар ивази тӯҳфаҳое, чун лӯхтаку шоколад духтарони ноболиғро ба алоқаи ҷинсӣ моил кардааст.

Додгоҳи шаҳри Колчугинои вилояти Владимири Русия рӯзи 2 октябр шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Беҳрӯз Носировро бар асоси қисми чоруми моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия дар алоқаи ҷинсӣ бо ашхосе, ки баръало ба синни 14 нарасидаанд, гунаҳкор шинохт ва ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ҷазои чунин ҷиноят бар асоси ин банди қонуни Русия аз 8 то 15 соли зиндон аст.

Дар шӯъбаи тафтишоти шаҳри Колчугино рӯзи 3 октябр ба сомонаи «Ахбор” гуфтанд, ки худи Беҳрӯз Носиров дар ҷараёни мурофиа ин иттиҳомро ба гардан нагирифт ва гуфт, ки ин се духтар вайро тӯҳмат мекунанд.

Вале мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, далелҳои ҷамъоварда гуноҳи ин ҷавони тоҷикро собит мекунанд ва додгоҳ ба ин далел ӯро равонаи зиндон кард.

Тафтишот мегӯяд, Беҳрӯз Носиров ҳанӯз соли 2013 ба ҷустуҷӯи кор ба Русия омада, ғайриқонунӣ дар инҷо зиндагӣ мекард. Ӯ соли 2016 ба шаҳри Колчугино омада, дар инҷо бо як духтари 12-сола шинос шудааст.

Тафтишот мегӯяд, мард аз ин духтари ноболиғ хостааст, ки ӯро бо дугонаҳояш низ шинос кунад: «Ду духтари 13-сола ва як духтари 12-сола бо ин фикр, ки ин як ошноии оддист, бо айбдоршаванда, ки ба онҳо бозичаҳои нарму шоколад тӯҳфа мекард, мулоқот мекарданд. Дар моҳи сентябри соли 2016 ҷабрдидаҳо бо даъвати ин мард ба манзили иҷораи вай меҳмон шуданд. Мард дар хонааш бо истифода аз ҳолати оҷизии равонии ноболиғон онҳоро ба алоқаи ҷинсӣ моил кард.”

Ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки ин мард ба мушкили гетеросексуалӣ, яъне бӯҳрони ҷинсият гирифтор будааст. Бино ба хулосаи равоншиносон, Беҳрӯз Носиров аз хусусиятҳои инфиродии рушди равонии духтарони ҷабрдида бо ҳадафи қонеъ сохтани нафси шаҳвониаш сӯиистифода кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *