Сарвазир гуфт гӯштро арзон кунед

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дастур додааст, ки мушкили болоравии нархи гӯштро дар ин кишвар ҳал ва ғизои чорворо таъмин кунанд. Ин масъаларо ӯ 16 май дар ҷаласаи телефонии худ ба баррасӣ гирифтааст.
Як манбаъ дар ҳукумати вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон гуфт, сарвазир Орипов дар ҷаласаи ахири телефонияш бештар ба нархи гӯшт таъкид кардааст.

Қаблан хабар доданд, ки 18 май дар бозорҳои шаҳри Фарғона нархи як кило гӯшти гов то ба 28 ҳазор сӯм (1 доллар — ҳудуди 8 ҳазор сӯм) ва як кило гӯшти гӯсфанд то ба 31 ҳазор сӯм боло рафт. Ду ҳафта пеш, гӯшти гов 3 ҳазор ва гӯшти гӯсфанд 2 ҳазор арзонтар фурӯхта мешуд.

Як масъули Кумитаи давлатии мусоидат ба корхонаҳои хусусишуда ва рушди рақобат дар Ӯзбекистон гуфт, захираи порсолаи хӯроки чорво ба охир расидааст ва ба ин далел нархи гӯшт гарон шуд. Кишоварзи ноҳияи Фурқати Фарғона Очил Бегматов мегӯяд, набудани чарогоҳҳои хуб низ яке аз омилҳост.

«Ҳокимон дигар ба масъалаи сифати ғизои чорво аҳамият намедиҳанд. Заминҳои хубро барои кишти пахта ва заминҳои бесифатро барои чорво ҷудо кардаанд. Гове, ки ғизои хуби табиӣ мехӯрад, дар як рӯз то 10 литр шир хоҳад дод. Вале говҳои мо танҳо 2 литр медиҳанд. Акнун худ хулоса кунед», — афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *