Шикасти «Дордой” аз “Истиқлол” 6:1

Чемпиони  панҷкаратаи Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 тими “Дордой”-и Бишкекро боз  шикаст дод. Ин бозӣ шоми 17 май дар пойтахти Қирғизистон бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт.

Се голи футболбозони тоҷикро нишонзани беҳтарини  “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаҳои 8, 46 ва 75) ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаҳои иловагии бозӣ Егор Потапов, бозигари “Дордой” иштибоҳан тӯбро вориди дастаи худ намуд. Ягона голи мизбононро Сулаймон Зарифов дар дақиқаи 50-ум ба  тӯри “Истиқлол” зад.

Қаблан низ “Истиқлол” дар доираи ин мусобиқот “Дордой”-ро бо ҳисоби 2:0 дар Душанбе шикаст дода буд.

“Истиқлол” баъди панҷ даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D”-и Ҷоми КФО-2017  бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дошта, 31 май бо “Олтин Асир”-и Ишқобод қувва меозмояд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *