Фиреби набера «сари боборо хӯрд»

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд набера манзили бобову бибиро бо роҳи фиреб аз они худ карда, баъди ба ҳуҷҷати хона имзо гузоштан ҳардуро дар давоми як моҳ аз хона рондааст. Баъди дар кӯчаи оворагӣ мондан мард ба бемории дил гирифтор шуда фавтидааст ва ҳамсари ӯ дар хонаи хешону пайвандон бо умеди хонаву дари худро соҳиб шудан рӯз мегузаронад.

Аз нохалафии набера дер бошад ҳам бобо пай бурда ба адкават муроҷиат кардааст то қарори манзилро «тӯҳфа» кардааш бекор карда шавад: -«Ман Саидмуродов Турдимурод аз моҳи сентябри соли 2016 ба бемории сахт гирифтор шуда, хаста шудам. Барои ҳамин ман ба адвокат Лола муроҷиат мекунам, ки кори маро напартофта давом диҳад, ки баъд ва сари ман ҳамсарам Қодирова Шарафнисо дар кӯча намонад, хоҳиш менамоям, ки хонаи маро баргардонида диҳед-хоҳиш кардааст Саидмуродов.

Ҷое ӯ аз фиребгарӣ ва дурӯғгӯии наберааш шиква карда гуфтааст:-набераам-Юсупова Чамангул маро ягон маротиба хабар нагирифт. Сабабаш: забонхати ӯ оиди моро нигоҳубин мекунам гуфтанаш бардурӯғ ва сохта будааст.

Сабаби бо бобову бибӣ зиндагӣ доштани набера, марги бобо, ҳоли зори бибӣ ва дигар ҷузъиёти ҳодисаро дар шумораи баъди ҳафтаномаи «Оила» мутола  намоед.

                                                                    Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *