Сарвазири Ҳиндустон хостори ислоҳоти СММ шуд

— Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ зимни суханронӣ дар нишасти G7 дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон хостори ислоҳоти СММ шуд, зеро ин созмони байналмилалӣ дар ҳоли ҳозир мушкилоти кунунии ҷаҳонро ҳал карда наметавонад,- менависад рӯзномаи The ​​Economic Times.

“Ин як масъалаи таҳлил аст. Чаро мо бояд дар форумҳои гуногун дар бораи сулҳу субот сухан ронем? Чаро Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ғояи истиқрори сулҳ таъсис ёфтааст, имрӯз дар пешгирии низоъҳо муваффақ нест? Чаро СММ ҳатто таърифи терроризмро қабул накард? Агар шумо дар ин бора фикр кунед, як чиз равшан аст: муассисаҳои дар асри гузашта сохташуда ба низоми асри 21 мувофиқат намекунанд”,- гуфт Модӣ.

Ба гуфтаи нахуствазир, созмон бояд садои кишварҳои ҷануби ҷаҳонро низ гӯш кунад. Модӣ бовар дорад, ки агар ислоҳот сурат нагирад ва СММ бо Шӯрои амнияти он танҳо дар бораи пешгирии низоъҳо суҳбат кунанд, ин созмон ҳамчун як «гапхона» боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *