Сарвазир ба истеъфо рафт

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ба истеъфо рафт. Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар додааст.

Дар муроҷиаташ вай гуфт, ба далели вазъи номуайяни пешомада дар робита ба шуруъи тафтиши фурӯши радиобасомадҳо истеъфо медиҳад ва намехоҳад, ин тафтишот монеа фаъолияти комили ҳукумат шавад.
Абилғозиев ҳамзамон афзуд, дар фурӯши басомадҳои радиоӣ нақше надорад ва айбҳое, ки нисбаташ садо медиҳанд, беасосанд. Абилғозиев мегӯяд, мақомоти тафтишотӣ то кунун ӯро бозпурсӣ накардаанд.
Сарвазири Қирғизистон рӯзи 27 май дар пайи ҷанҷоли фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз ба рухсатии кутоҳмуддат баромад. Вай гуфт, ҳадаф аз ин рухсат «роҳ надодан ба овозаҳое дар бораи фишор овардани сарвазир ба ҷараёни тафтишот ва таъмини шаффофияти тафтишот аст». Айни ҳол ноиб-сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов фаъолияти ҳукумати Қирғизистонро пеш мебарад.
Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 20 апрели соли 2018 сарвазир таъйин шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *