суд

Барканории раиси суди ноҳияи Айнӣ бо иттиҳомот

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Шараф Турсунзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Айниро, ки ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш ба ин мақом таъйин шуда буд, бо далели иттиҳомот аз вазифи барканор шуд.

“Дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июн сабаби чунин тасмим кирдоре гуфта шудааст, ки «шаъну эътибори судяро паст мезанад», навиштааст радиои Озодӣ.

Гута мешавад, ки Турсунзода то моҳи феврали имсол ба ҳайси додраси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ кор мекард ва чаҳор моҳ пеш масъули додгоҳ таъйин шуд.

Бояд гуфт, ки ҳафтае пеш раиси Додгоҳи шаҳри Ҳисор Зайдулло Собирзода низ бо айни иттиҳом аз мансабаш барканор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *