Сарвазири Хитой дар “Боғи Ирам”

Президенти  Тоҷикистон сарвазири Чин Ли Кетсянро дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе меҳмондорӣ кардааст. Кетсян рӯзи 11-уми октябр барои иштирок дар нишасти сарони ҳукуматҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Тоҷикистон омад.

Хадамоти матбуоти президент ҳадаф аз ин меҳмондории, ба қавли ҳамин манбаъ, ғайрирасмиро “муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимӣ, таомҳои миллӣ… меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.”гуфтааст

Президенти  Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2014 ҳамроҳи бонуи аввали кишвар ва писари бузургаш — Рустами Эмомалӣ барои Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин ва ҳамсараш дар Душанбе зиёфат ороста буданд.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои аслии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад ва чанде аз тарҳҳои муҳими кишвар бо қарзу кумакҳои бебозгашти Пекин сохта шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *