«Союз» то кайҳон нарасид

Ҳангоми сар додани мушаки «Союз»-и Русия, ки бояд кайҳоннавардонро ба Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ мерасонд, садама рух дод. Партоби ин мушак субҳи 11-уми октябр аз пойгоҳи «Байконур» дар Қазоқистон сурат гирифт.

Тавре манобеи хабаргузории «Интерфакс» гуфтаанд, ҳангоми сар додани мушак муҳаррики дараҷаи дувуми он аз кор бозмонд. Мувофиқи маълумот, тими кайҳоннавардон осеб надида, аллакай ба замин баргашт.

Аз рӯи гуфти як сарчашма, садама танҳо баъди ду дақиқа аз сар додани мушак ба ҳаво рух дод. Дар ин замон чароғаки садамавӣ рӯшан шуда, мушак ба қисматҳо пора шуд ва чатри наҷотро (парашют) ба кор даромад.

Кайҳоннаварди «Роскосмос» Алексей Овчинин ва фазонаварди NASA Ник Ҳейг тавассути капсули махсус дар яке аз саҳроҳои Қазоқистон фуруд омаданд.

Ба ҷои тахминии фуруди кайҳоннавардон чархболҳо ва гуруҳҳои наҷоти махсусро фиристоданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *