Сарвазири пешини Британия: Давраи ҳукмронии Ғарб ба охир расид

— Давраи бартарии сиёсию иқтисодии Ғарб дар арсаи чаҳон ба охир мерасад,- мегӯяд сарвазири собиқи Британия Тони Блэр. Сиёсатмадор ҳамчунин аз кишваре ном бурд, ки ба далели он ИМА ва муттаҳидонаш бояд дар оянда стратегияи геополитикиро ислоҳ кунанд.

Вай дар ин бора зимни суханронии солона дар чорабинии Бунёди Дитчли изҳор дошт ва афзуд, ки дар оянда мафҳуми якқутбӣ бо дуқутба ё ҳатто чандқутбӣ ҷойгузин хоҳад шуд. «Беҳтарин тағйироти геополитикии ин аср аз Чин хоҳад буд, на Русия. Мо ба поёни бартарияти сиёсӣ ва иқтисодии Ғарб расида истодаем»,- пешниҳод кард сиёсатмадор.

Блэр Пекинро «дуюмин абарқудрати ҷаҳон» номид ва гуфт, ки раҳбари он Си Ҷинпин нияти баргардонидани Тайванро бо истифода аз усулҳои зӯроварона пинҳон намекунад. Дар сенарияи бархӯрди «хашмгин»-и Чин, ба гуфтаи сарвазири собиқ, Русия ва Эрон метавонанд муттаҳидони он шаванд.

Дар баробари ин, сиёсатмадор аз бархӯрди кунунӣ нисбат ба Чин, ки онро «қувва ба иловаи ҷалб» номид, пуштибонӣ кард, ки ин маънои таъсирбахш буданро барои бархӯрд бо мавқеи Пекин дар оянда дорад, аммо талош накардан ба комилан бастани хати ҳамкорӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *