Сарвиноз Юсуфӣ бар қасди шавҳараш сароянда шуд? (Видео ва аксҳо)
Сарвиноз Юсуфӣ бо таронаҳои марғуби ошиқонааш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст. Мухлисонаш ин зебосанами ҳунармандро ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намуданд ва мо тасмим гирифтем, ки Сарвинозро ба идораи ҳафтаномаи “Оила” даъват карда, аз сирру асрори зиндагӣ ва эҷодаш воқиф гардем.
-Сароғоз шуморо ба идораи “Оила” хушомадед мегӯем. Бо шарофати мухлисони асилаш Сарвиноз Юсуфӣ ба қатори довталабони озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” дохил шуд…
-Ман аллакай аз ин озмун огоҳӣ дорам ва миннатдории хешро ба мухлисонам мерасонам. Умедворам, ки мухлисонам минбаъд низ маро дастгирӣ менамоянд ва…
-Мебинам, ки аллакай барои сафар ба Дубай руҳан тайёр шудаед, вале бояд бигӯям, ки шоҳҷоизаи озмунро ба даст овардан чандон саҳлу осон нест…
-Дар қатори ин қадар сарояндагони муваффақ дар озмун ширкат варзидан худаш хушбахтӣ аст. Шоҳҷоизаро бошад, Худо ба касе насиб дида бошад, ҳамон дар озмун ғолиб меояд.
—Сарвинозбону, мабодо наранҷед, ман танҳо як ҳазл кардам. Дар асл мо низ дуо мекунем, ки мухлисонатон шуморо дастгирӣ намоянду дар озмун ғолиб омада, соҳиби шоҳҷоиза гардед.
—Ташаккур! Ман худам ҳам одами шӯх ҳастам ва ҳаргиз хафа намешавам.
-Зид нестед, агар дар бораи ҳаёти шахсиатон як савол диҳам?
—Марҳамат пурсед, ман ягон сиру асрори ниҳон надорам.
-Мегӯянд, ки Сарвиноз Юсуфӣ барқасди шавҳараш ҳофиза шудааст, то ки ёри хиёнаткорашро сӯзонад. Ин овозаҳо ягон асос доранд?
-Аввалаш ин ки вақте ба ҷодаи санъат қадам ниҳодам, ман як духтараки хеле ҷавон будам ва дар бораи шавҳар кардан ҳатто фикр намекардам. Хато накунам, ин 16 сол пеш буд. Замоне ба шавҳар баромадам, ки аллакай дар байни мардум соҳиби ном ва обрӯ будам. Дуюм: Ман дар умрам ҳеҷ гоҳ барқасди касе кор накардаам, зеро хуб медонам, ки кори барқасдона ҳеҷ гоҳ самари нек намедиҳад.
—Хонумҳои сароянда табиатан бисёр зебопараст ҳастанд. Шумо ба ғайр аз сарояндагӣ боз ба чӣ корҳо шавқу рағбат доред?
-Манзуратон, агар орову торо додани худ бошад, ман чандон ошиқи зори оина нестам. Танҳо дар мавридҳои зарурӣ, ҳангоми сабти таронаҳоям ё барномаи консертӣ худро орову торо медиҳам, дар дигар мавридҳо бо ҳусну ҷамоле, ки Худованд насибам гардонидааст, шукрона мекунам.
-Шумо мақсади маро нафаҳмидед. Ман мехостам донам, ки чӣ ҳунарҳои занона доред?
-Овони ҷавонӣ шерозпоча медӯхтам. Дугонаҳоям ҳунари маро дида, аҳсан мехонданд. Ман аслан зани беҳунар нестам. Курси 6-моҳаи дӯзандагиро дар зодгоҳам, шаҳри Ваҳдат хатм карда, нозукиҳои тамоми ҳунарҳои занонаро омӯхта будам.
-Талабгорони чунин бонуи зебои панҷ панҷааш ҳунар аз мӯйи сараш ҳам зиёд будагистанд…?
-Мардони зиёде гап мепартоянд, хушгӯӣ мекунанд, вале аҳамият намедиҳам, чунки шавҳари ғамхору меҳрубон, фарзандони гул барин зебо ва зиндагии ширин дорам. Ба ман ишқу муҳаббати ягон марди дигар лозим нест.
-Бонувони сароянда байни худ гаштак доранд ва моҳе як маротиба дар хонаи ин ё он ҳунарманд ҷамъ мешаванд. Шумо ҳам дар ин гаштакҳо иштирок мекунед?
—Ростӣ, вақти ба гаштаку шабнишинӣ рафтан надорам, чунки тавре гуфтам, ман зани оиладор ҳастам ва ба ғайр аз корҳои эҷодиам боз саду як ташвиши дигар дорам. Моку барин рӯзи дароз медавам, то ки либоси фарзандонам мудом тозаю озода ва шикамашон сер бошад..
-Хӯрокро худатон дар хона мепазед ё шикаматонро дар тарабхонаҳо сер мекунед?
—Тарабхона ба тарабхона гаштанро чандон хуш надорам, аҳли оилаам низ хӯроки хонагиро дӯст медоранд. Ҳамеша худам хӯрок мепазам, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар сафари ҳунарӣ ҳастам.
-Хумор кадом касбро интихоб карданист? Мисли модарам сароянда мешавам намегӯяд?
—Хумор умуман санъатро қабул надорад. Доим мегӯяд, ки ҳуқуқшинос мешавам. Мехоҳад адвокат шуда, одамони ниёзмандро ҳимоя кунад.
-Хоҳаратон Муҳайё низ сарондагӣ мекунад. Рост аст, ки ӯ баъди шикасти бахташ рӯи саҳна омадааст?
-Муҳайё хоҳар не, апаи ман аст. Ба санъат баромадани ӯ ба хотири ба даст овардани пул нест. Ин идеяи ман буд, ки сурудеро дар васфи хоҳарон сароем. Бо бегона чунин суруд мехондам, шояд чандон самимӣ намебаромад, аз ҳамин хотир, аз Муҳаё хоҳиш кардам, ки ҳамовозӣ кунад.
-Муҳайё пештар ҳам маҳорати сарояндагӣ дошт ё шумо аз ӯ зӯран ҳофиза сохтед?
—Дар оилаи мо қариб ҳама суруд мехонданд ё ягон асбоби мусиқиро менавохтанд, аммо ман рӯи саҳна баромадаму онҳо паси парда монданд. Муҳайё аз хурдӣ дар кружокҳои мактаб суруд мехонд.
—Ҳаёт пастиву баландиҳо зиёде дорад, Худо накарда, рӯзе байни оила ва санъат якеро интихоб намудан лозим ояд, чӣ кор мекунед?
—Ба хотири оила аз баҳри санъат мегузарам, вале на барои ишқ, балки ба хотири фармудаи Худованд, ки итоати шавҳар бар зан воҷиб аст.
-Шумо бисёр бонуи ҷасур менамоед, вале дар дили далертарин инсон низ тарсе макон дорад. Сарвиноз дар зиндагӣ аз чӣ метарсад?
-Ба ғайр аз Худо дигар аз касею аз чизе наметарсам. Ман дар зиндагӣ бисёр рақобатҳоро дида, обутоб ёфтам. Дар мушкилтарин ҳолатҳо низ Худованд маро танҳо нагузошт. Умед дорам, ки парвардигор минбаъд низ маро навмед намесозад.
-Дар охир аз минбари “Оила” ба мухлисони ҳунаратон чӣ гуфтаниед?
-Ба кулли мухлисонам тани сиҳат хоҳонам, чунки саломатӣ ганҷи бебаҳост! Хушбахту сарбаланду хонаобод бошанд!
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ