Дар семинар-тренинги Лаҳистон 13 намояндаи донишгоҳ ҷамъ омад

Дар доираи лоиҳаи Эразмус+ KA2 “PAWER” дар Донишгоҳи табиатшиносии шаҳри Вротслави Ҷумҳурии Лаҳистон семинар-трейнинг баргузор гардид.

Дар он намояндагони 13 донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Аврупо: Итолиё, Бритониёи Кабир, Лаҳистон, Тоҷикистон, Ȳзбекистон, Қазоқистон, Қирғистон ва ҳамчунин, намояндагони Қафқоз, Россия ва Муғулистон ширкат варзиданд. Мақсади семинар-трейнинг  омода намудани мутахассисон оид ба татбиқ ва мукаммалгардонии низоми кредитии таҳсилот мутобиқи раванди Болония маҳсуб меёфт.

Аз ҷониби мутахассиси пешбари назорати раванди таълими шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фаррух Сангинов маърȳза дар мавзȳи «Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба табодули донишҷȳён ва устодон дар доираи барномаи Эразмус+ КА1» пешниҳод карда шуд.

Дар семинар аз ҷониби иштирокчиёни лоиҳа маърȳзаҳои гуногун пешниҳод гардида, масъалаҳои зерин, аз қабили ба роҳ мондани мубодилаи байниминтақавӣ ва таъмини сифати таълим, ташкил намудани ҳамкориҳои нави стратегӣ бо донишгоҳҳои иштирокчиёни лоиҳа дар доираи барномаи Эразмус+ КА1 ва КА2 оид ба табодули донишҷȳён ва устодон, ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми семинар иштироккунадагон бо сертификатҳои лоиҳаи номбурда сарфароз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *