Саудӣ сокинони Қирғизистонро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад
Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад, аз Бунёди рушди Саудӣ 20 миллион доллар қарз бигирад ва сокинони вилоятҳои Бодканду Талассро бо оби ошомиданӣ таъмин кунад. Дарёфти ин қарзро порлумони Қирғизистон тасдиқ кард.
Аскарбек Токтошев, мудири Департаменти рушди обёрии Қирғизистон гуфт, Бунёди рушди Саудӣ омодааст, ин қарзро барои 30 сол ва бо арзиши 1 фоизи солона бидиҳад. Аммо Қирғизистон низ вазифадор аст, ки барои тарҳи обёрӣ 10 миллион доллар аз буҷаи худ ҷудо намояд.
Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад, бо қарзи Саудӣ ду деҳаи дорои 281 ҳазор аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин кунад.
Ба иттилои Оҷонси давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии коммуналии Қирғизистон, дар соли 2017 дар ин кишвар 653 деҳа ба оби ошомиданӣ эҳтиёҷ дошт. Дар солҳои 2017-2018 наздики 70 деҳа бо об таъмин шуд. Қарор аст, то охири соли ҷорӣ 54 деҳаи дигар бо об таъмин шавад. Ба ин тартиб, то соли 2024 бояд мушкили беобии 530 деҳаи дигар ҳал шавад.
Соли 2018 Институти ваколатдори ҳуқуқи инсон хабар дода буд, ки дар Қирғизистон наздики 1 миллион сокин мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданиро дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ