Саймумин Ятимов ба Тошканд рафт

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо даъвати ҳамтои узбекистониаш Ихтиёр Абдуллоев, рӯзи 16-уми апрел ба Тошканд рафтааст. Ба иттилои расонаҳои давлатии Тоҷикистон, оқои Ятимов ва ҳайати ҳамроҳашро дар гузаргоҳи марзии «Фотеҳобод» раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон Ихтиёр Абдуллоев пешвоз гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар музокирот раҳбарони хадамоти вижаи ду кишвар роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин мушкилоти амнияти минтақавӣ гуфтугӯ намуданд. Аз ҷумла ҷонибҳо дар бораи таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфта табодули афкор намуданд.

Спецслужбы Узбекистана и Таджикистана обсудили безопасность в регионе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *