Телевизиони муштараки Ӯзбекистону Русия

Ӯзбекистон ва «Шабакаи аввал»-и Русия дар доираи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи бахши расонаву иртиботот тасмим доранд, як шабакаи нави телевизионӣ таъсис диҳанд.

Ин мавзуъ дар мулоқоти вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Ӯзбекистон Азим Аҳмадхоҷаев ва муовини вазири алоқа ва расонаҳои Русия Алексей Волин баррасӣ шуд.

Ҳайати Русия ҳамтоёни ӯзбекашонро бо таҷрибаи гузариш ба пахши рақамии Русия ошно кард. Ҳайати Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки як шабакаи телевизионии муштарак таъсис дода шавад. Дар ин шабака коргардонони рус дар бораи шахсиятҳои барҷастаи ӯзбек барномаҳо ва филмҳои мустанад таҳия хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *