Сайри ҷаҳон бо велосипед

Тарғиби арзишҳои олимпӣ

27 август – кормандони Кумитаи байналмилалии олимпӣ Ребекка Вардел ва Сара Ван Баллеком, ки велосипедсавор ба сайри ҷаҳон баромадаанд, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон меҳмон шуданд.

Ребекка ва Сара бо шароити кор дар КМОТ ва Маркази федератсияҳои варзишӣ шинос шуда, осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро тамошо карданд ва бо дастоварди варзишгарони Тоҷикистон ошно гардиданд.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Назарзода Ризо аз ин иқдоми пешгирифтаи онҳо  истиқбол намуд. Ӯ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон соли дуюм марафони велосипедронӣ баргузор мешавад, ки дар он ҳазорон нафар дӯстдорони ин намуди варзиш ширкат мекунанд.

Меҳмонон дар навбати худ барои меҳмондории гарму самимӣ ба кормандони Кумитаи миллии олимпӣ изҳори сипос намуда, ҳамкории худро ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолияти Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон ва мусоидат дар рушди ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ изҳор доштанд.

Ребекка Вардел ва Сара Ван Баллеком сокинони кишвари Зеландияи Нав мебошанд, аммо дар давлати Швейтсария кору зиндагӣ мекунанд.
Дӯстон пеши худ мақсад гузоштанд, ки бояд умеду орзуи дар дил парваридаи овони ҷавонии худро амалӣ намоянд ва бо ҳамин санаи 30 апрели соли 2018 ҷиҳати сайри қораи Аврупою Осиё савори дучарха аз шаҳри Лоззанаи Швейтсария ба роҳ баромада, беш аз 100 рӯз мешавад, ки дар сафар ҳастанд.

Бо тай намудани 7400 км роҳ аз Лоззанаи Швейтсария то ба Тоҷикистон, онҳо аз ҷойҳои нотакрор ва манзараҳои дилпазири кишварҳои Италия, Словения, Хорватия, Туркия, Босния, Сербия, Булғористон, Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон дидан намудаанд.
Онҳо нақша доранд, ки пас аз сафари панҷрӯза дар шаҳри Душанбе сафари худро тавассути водии Вахон ва Бадахшон идома дода, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаранд.
Тибқи нақша онҳо то ибтидои моҳи феврали соли 2019 бояд ба зодгоҳи худ — кишвари Зеландияи Нав баргарданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *