Ӯзбекистон ба даҳгонаи беҳтарин ворид шуд

Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардиданд, идома доранд. 

То имрӯз мусобиқаҳо оид ба гуштини варзишӣ, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, софтбол, баскетбол 3х3, шамшербозӣ, ҷиуҷитсу, голф, ҷетски, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, теннис ва ушу ба анҷом расиданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштин, шиноварӣ, ҷиуҷитсу, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Варзишгарони тоҷик рӯзҳои баъдӣ рақобатро дар намудҳои дзюдо, кураш, самбо, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс идома медиҳанд.

Аз рӯи маълумотҳои охирин, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 178 медал (78 тилло, 59 нуқра, 37 биринҷӣ) пешсаф аст. Ҷопон бо 123 медал (40-34-49) дар ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 94 медал (27-30-37) дар ҷои сеюм қарор доранд. Дар байни  кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сафи пеш қарор дорад: дастаи мунтахаби ин кишвар аз рӯи шумори медалҳои бадастоварда ба даҳгонаи беҳтарин ворид гардид.

Умуман варзишгарони 35 кишвар ба гирифтани медалҳои бозиҳо шарафёб шудаанд ва варзишгарони 28 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷои 32-юм қарор дорад. Тавре хабар додем, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назарови 36-сола дар мусобиқаи ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон, ки   дар варзишгоҳи «Gelora Bung Karno Main Stadium»-и пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта бо ширкати 12 варзишгар баргузор шуд,  сазовори ҷои дуюм ва медали  нуқра гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *