Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 6 июл, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8149 сомонӣ, 1 евро = 9.9882 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1448 сомонӣ.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилотҳои қарзӣ барои 1 доллари ИМА 8.8100 то 8.8200 сомонӣ, 1 евро аз 9.9500 то 10.1000 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0,1448 сомонӣ мебошад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ