Сайёди Субҳон: Фарзандони падарам бо ман қаҳриянд

Сайёд нахустфарзанди яке аз шоҳсутунҳои санъати тоҷик Субҳони Саид аст, ки пас аз чандин соли беморӣ ва дарду ранҷу азобҳои зиёд, моҳи июни соли гузашта бо дили пурормон аз олам даргузашт.

Субҳони Саид дар ҷодаи ҳунари овозхонӣ  устоди ҳақиқӣ буд ва аксари ситораҳои эстрадаи тоҷик аз мактаби ҳунарии ин санъаткори варзида гузаштаанд, аммо солҳои охир масъулини соҳаи санъат, шогирдон ва дӯстони бешумораш ӯро қариб фаромӯш карда буданд. Алами беқадрию бевафоии айём ин марди ҳунарварро бармаҳал аз байни мухлисон бурд. Имрӯз фарзанди ин ҳунарманди асил-Сайёди Субҳон рӯйи саҳна омадааст ва мехоҳад роҳи падари бузургворашро идома дода, орзуву ормонҳои дар дил мондаи падарро ҷомаи амал пӯшонад. Ин ҷавони боистеъдод аллакай мухлисони худро дорад ва ошиқони садояш Сайёди Субҳонро ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намуданд. Аз фурсат истифода бурда, мо ин ҳунарманди ҷавонро ба идораи ҳафтанома даъват кардем.

-Сайёд, соли 2003 падаратон Субҳони Саид дар озмуни “Ситораи сол” ғолиб омада, соҳиби ситораи тиллоӣ гашта буд. Шумо ҳамон вақт чандсола будед? Эҳсосоти падаратонро пас аз “Ситораи сол” дар ёд доред?

Соли 2003 ман хатмкунандаи мактаб будам. Дар ёдам ҳаст, ки пеш аз озмуни “Ситораи сол” падарам аз зиндагӣ бисёр дилшикаста буданд. Он кас дар радифи Тоҷиддин Муҳиддинов ва Кароматуллои Қурбон, солҳои зиёд дар ҷодаи санъат хизмат карда бошанд ҳам, масъулин ба қадри заҳматҳояшон намерасиданд ва ин беқадрӣ ба падарам бисёр сахт расида, дили он касро аз санъат ба тамом хунук карда буд. Озмуни “Ситораи сол” падарамро ҳамчун ҳунарманд аз нав эҳё кард. Дар ёд дорам, вақти аз Хуҷанд бо ситораи тиллоӣ баргаштанд, чашмонашон аз хурсандӣ барқ мезад. Шод буданд, ки билохира ба қадри ҳунару заҳматашон расиданд. “Ситораи сол” барои падарам такони ҷиддӣ бахшид ва дар як сол 2-3 албоми нав бароварданд, вале баъд боз бадхоҳон дар сари роҳи Субҳони Саид монеаҳо эҷод намуда, ӯро аз зиндагӣ дилсард гардониданд…

-Дар моҳҳои охири ҳаёти падаратон дар сомонаҳои иҷтимоӣ як таронааш пайдо шуда буд, ки интернетро ба қавле “тарконд”.  Дар он сабт Субҳони Саид суруд мехонду ашки чашмонаш рӯяшро мешуст. Мақсад аз ҷой кардани ин навор дар интернет чӣ буд? Субҳони Саид бо ин суруд дарди дилашро ба гӯши кӣ расондан мехост?

Субҳони Саид дар баробари падари ман будан, фарзанди тамоми миллати тоҷик буд, аммо чанд сол рӯйи бистари беморӣ хобида, азобҳои бисёре кашида бошад ҳам, касе дарашро кушода напурсид, ки чӣ ҳол дорӣ. Албатта алам мекунад, вақте ки 30-35 сол хизмат мекунию дар рӯзи сахтӣ дастатро ягон кас намегирад. Падарам шояд ҳис карда буд, ки рӯзҳои башумори умраш боқӣ мондаанд ва мехост бо ҳамин суруд ғаму аламҳои дилашро ба халқаш расонад.

Солгарди вафоти падаратон наздик аст. Шаби хотираи Субҳони Саидро дар куҷо баргузор карданиед?

Апаҷон, бо ин саволатон ба торҳои бисёр нозуки дили ман нохун задед. Беҳтараш шумо напурседу ман нагӯям!

-Чаро?

-Фарзандони падарам баъди гӯру чӯб кардани қиблагоҳамон худ аз худ бо ман қаҳрӣ шуданд. Онҳо шоми хотираи Субҳони Саидро бе иштироки фарзанди нахустинаш баргузор карданиянд.

-Сабаби ранҷиши бародаронатон чист? Дар тақсими мерос байнатон ягон нофаҳмӣ сар зад?

— Ҳангоми бемории падарам ман шабу рӯз дар барашон будам. Борҳо ба духтур бурда бошем ҳам, ягон табиб ба дардаш даво ёфта натавонист ва билохира падарам дар рӯйи дастони ман ҷон дод. Вақте ки ҷисми бе ҷони падарамро ба хок супорида ба хона баргаштем,  муллоҳо хостанд тамоми молу мулки аз падарам боқимондаро тибқи шариати ислом дар байни мо, фарзандонашон тарака кунанд, вале ман аз ҳиссаи худ даст кашида гуфтам, ки ба ягон чиз даъво надорам, бигзор ҳамааш ба бародарони хурдиам монад, чунки онҳо ҳанӯз муҷаррад ҳастанд. Аз моли падарам ҳатто як хас талаб накардам, вале баъди гузаронидани маъракаҳои мотамӣ бародаронам аз ман рӯй тофтанд…

-Сабаби қаҳрӣ шуданашонро аз худашон напурсидед?

-Мо аз як модар набошем ҳам, ман фарзанди калонии Субҳони Саид ҳастам. Дар куҷо дидаед, ки ака аз додар бахшиш пурсад? Ман ҳатто яксола  набудам, вақте ки падару модарам ҷудо шуданд. Дар кӯдакӣ азоби бепадарӣ кашида бошам ҳам, ман касеро гунаҳкор намекунам, тақдиру насиб ҳамин будааст. Дар дилам нисбати бародаронам ягон зарра бадбинӣ ва кинаю адоват надорам. Мефаҳмам, онҳо ҳоло бисёр ҷавон ҳастанд ва аз хомиашон истифода бурда, дигарон моро бо ҳамдигар ҷанг андохта аз дур тамошо кардан мехоҳанд. Аз фурсат истифода бурда, аз минбари газета ба бародаронам гуфтаниям, ки бар рағми душманон мо бояд тифоқ бошем. Руҳи Субҳони Саид ҳамон вақт ором мегирад, ки фарзандонаш ба рӯйи ҳамдигар оғӯш кушода аз як гиребон сар бароранд.

Дар кӯдакӣ азоби бепадарӣ кашидам гуфтед. Магар падаратон баъди аз модаратон ҷудо шудан шуморо суроғ намекард?

-Дар кӯдакӣ ҳамеша дар ғайбашон бо падари ҳунармандам ифтихор карда мегуфтам, ки ман писари Субҳони Саид ҳастам, вале чун рӯ ба рӯ меомадем, дар дили кӯчаки ман аламҳои кӯдакона рӯ мезаданд ва бо нафрат рӯямро тофта мегурехтам.

-Вақти бо падаратон оштӣ шудан чандсола будед?

Тақрибан 13 сол доштам. Ёдам ҳаст, як хешамон маро бо фиреб ба хонаи аммаам, ки дар маркази ноҳияи Ҳисор зиндагӣ мекард, бурд. Нав аз дар даромада будам, ки аз пасам падарам даромад. Хостам мисли ҳарвақта рӯ ба гурез ниҳам, вале падарам бо чашмони пур аз об маро маҳкам ба оғӯш гирифта, гуфтанд, ки бачаҷон, аз тақдир гурехта намешавад, насиби ману модарат ҳамин  будааст, ки аз ҳамдигар ҷудо шавем, вале ман туро ҳаргиз напартофтааму намепартоям. Чашмони гиряолуди падарамро дида, ман ҳам гирён шудам ва “отаҷон” гуфта он касро маҳкам ба оғӯш гирифтам. Тамоми одамони дар хона буда баробари мо гиря мекарданд. Ҳамон бегоҳ ба назди модарам омада, бо ифтихор гуфтам, ки ман падарамро ёфтам.

-Модаратон садди роҳи вохӯриҳои шумо бо падаратон намегаштанд?

-Падару модарам аз ҳамдигар ҷудо шуда бошанд ҳам, муносибаташон дӯстона буд. Модарам ягон бор падарамро дар назди ман бад накардааст. Ягон бор нагуфтааст, ки вай ману туро партофт, ба наздаш нарав, баръакс ягон гуноҳ кунам, дарҳол ба падарам занг мезаданд, то маро  насиҳат карда, аз роҳи хато гардонад.

Назари падаратон ба ҳунари шумо чӣ гуна буд?

-Вақте падарамро барои табобат ба шаҳри Свердловски Русия бурдем, барои каме ҳам бошад, дардашро фаромӯш кардани падарам баъзан ман дар наздашон нишаста менавохтам. Касал, ки буданд, ба гӯшашон овози булбул ҳам намефорид. “Бо ин панҷаҳоят рафта, дар боғи бобоят кишт кун”  гӯён, ишорат мекарданд, ки дигар нанавозам. Баъди аз Русия баргаштан, як бегоҳ дар наздашон нишаста, чанд суруд хондам. Падарам ба китфам се бор топ-топ зада гуфтанд: “Бачам, аз имтиҳон гузаштӣ! Аз ту ҳунарманди хуб мебарояд, агар аз сидқи дил меҳнат кунӣ ва сурудҳои сабуки бемазмунро нахонӣ!” Баҳои падари сахтгирам, ки то он вақт ягон бор моро таъриф намекарданд, барои ман беҳтарин мукофот буд.

Суруди “Фарзанди падар”-и Шумо чунон машҳур гашта буд, ки ҳамарӯза дар тамоми бозору мағоза ва кӯчаҳои шаҳр  садо медод. Ин тарона ба ғайр аз он ки Сайёди Субҳонро ҳамчун ҳунарманди ояндадор ба мардум муаррифӣ намуд, ба шумо боз чиҳо дод?

-Қариб ҳар рӯз мухлисон ба ман занг зада, барои ин суруд изҳори миннатдорӣ баён мекарданд. Як рӯзи истироҳат дар хона будам, ки маро ба берун даъват карданд ва ба дастам 1000 доллар дода гуфтанд: “Фарзанди падар”-и ту мо, ёру бародарони чандин сол бо ҳамдигар қаҳриро аз нав дар сари як дастурхон ҷамъ кард. Раҳмат барои ин суруди таъсирбахш!” Ҳамон шабу рӯз 1000 доллар пули калон ҳисоб мешуд, вале ман барои пул не, аз он хурсанд шудам, ки таронаи ман як оиларо аз парешонӣ наҷот додааст.

Ин суруд номи Сайёдро вирди забони хурду калон гардонида буд. Чаро баъди чунин муваффақияти бузург  худро ба гӯшаи танҳоӣ кашидед?

Ман соли 2009 ба саҳна баромада, то соли 2011 бо шавқу завқи зиёд кор мекардам. Суруд эҷод мекардам, клип сабт менамудам, вале баъдан бо сабаби бемории падарам мушкилиҳои зиёди иқтисодӣ ба сарам омаданд. Касе набуд, ки дастамро бигирад, аз ҳамин сабаб муддате гӯё фаромӯш шудам.

-Магар сарпараст надоштед?

-Мутаассифона, аксари соҳибкорони мо танҳо занону духтарони зеборо сарпарастӣ мекунанд. Аламовараш он аст, ки баъзан аз одамоне ситора месозанд, ки аз кӯчаи ҳунар нагузаштаанд ва ҳатто алифбои мусиқиро намедонанд.

-Боварӣ доред, ки мисли падаратон дар озмун ғолиб меоед?

Ҷавонмардони ҳисорӣ, агар камарбанди нангу номусро маҳкам баста, маро дастгирӣ намоянд, ваъда медиҳам, ки бо ҳунарам номи водии Ҳисорро баланд мебардорам, агар не…

-Муваффақ бошед!

Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *