Сокинони минтақаҳои марзӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд

                   ИНФОГРАФИКАи №1

Ду миллиард доллари амрикоӣ барои Тоҷикистон кифоя аст, то ки тамоми аҳолии кишварро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд. Ин дарҳоле, ки 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Миёна маҳз дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷамъ меоянд. Бо назардошти ин, муколамаҳо ва рушди дипломатияи ҷамъиятӣ дар кишвар ногузир буда, маҳз робитаи хуби ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо мушкилоти мардум, аз ҷумла сокинони минтақаҳои наздисарҳадиро дар самти дасрасӣ ба об осон мекунад.  Чунин ҳадафро филм таҳти унвони «Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ» пайгирӣ дошта, аз ҳаёти мардуми шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нақл мекунад. Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар оид ба муаррифии филми мазкур доир гардид. Филм дар доираи лоиҳаи «ВАО барои инъикоси касбии масоили муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон (АЗИТ) омода шудааст.

Ирода Бобоҷонова, директори иҷроияи ташкилоти АЗИТ дар сухани ифтитоҳӣ зикр дошт, ки тибқи лоиҳа ин филми чорумин оид ба захира, идоракунӣ ва дастрасӣ ба об буда, бештар ҳамкории муштараки сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин самт инъикос намудааст.

-Дар ҷараёни сабти навор, ки дар он мутахассисони кишварҳои Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон ҳузур доштанд,  ҳамкории зич ва муносибати дӯстонаи ҳарду минтақаро дар самти истифодаи дурусти захираи обӣ  мушоҳида карда,  хело хушҳол гаштам. ,- мегӯяд, Фарҳод Қосимов, журналист, дастанданкори филм.- Маълум гардид, ки дар давраи паст шудани оби дарё онҳо ба ҳамдигар кӯмак мекунанд, аз самти фаъолияти ҳамдигар пайваста хабар мегиранд, байни ҳам мубодилаи таҷриба менамоянд. Ҳатто дарёи Исфараро, ки аз қаторкӯҳҳои Туркманистон манша мегирад, рамзӣ Дарёи дӯстӣ меноманд. Бешубҳа, чунин робита баҳри устувории риштаи дӯстии ду кишвари ба ҳам бародар мусоидат хоҳад кард.

Дар филм инчунин зикр мешавад, ки ба ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара дар наздик фурсат хати оби тозаи ошомиданӣ гузаронида мешавад.

-Дар бархе ноҳияҳо мардум то ҳол оби ошомиданиро ба пул мехаранд,-зикр мекунад сардори шӯъбаи дастгирии Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби вилояти Суғд Зарифа Абдуллоева. –Ва дар мо дар бархе маврид бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон муносибат бо кишвари ҳамсарҳад дараҷаи масъалаи дастрасӣ ба обро муайян мекунад. Хушбахтона, мавҷудияти фазои сулҳу субот ва робитаҳои мутақобила бо давлатҳои ҳамсоя ин мушкилотро бартараф кардааст.  

                                                                                        Зарифа    Абдуллоева

Иттилоотонидани  мардум дар ҷодаи дастрасӣ ва сарфакорона истифода бурдани оби ошомиданӣ вазифаи ВАО буда, журналисти мустақил Тилав Расулзода изҳор медорад, ки дар ин самт журналистон бештар дар шакли визуалӣ пешниҳод намудани маводро набояд сарфи назар кунанд. 

Дар интиҳо таҳиягарони филм барои пешниҳоду дархост ба иштирокчиёни мизи мудаввар изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки филми «Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ» рӯзҳои наздик тариқи телевизиони вилояти Суғд ба намоиш гузошта мешавад.

                                                                                                                                                                 Зебо Собирзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *