СБП Роғунро дастгирӣ мекунад
Ҳайати намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF), ки дар нимаи дуюми моҳи сентябри имсол ба Тоҷикистон омада буд, мавзӯи ироаи қарзи навбатиро бо мақомоти Душанбе матраҳ кардааст. Дар ин бора доираҳои наздик ба музокирот хабар доданд.
- Мавзӯи аслии музокироти ҷониби Тоҷикистон бо ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул таҳти раҳбарии Падамҷа Ханделвал имкони ихтисоси қарзи 300-миллиондолларӣ дар тарҳи «Барномаи нави қарзӣ» (Extended Credit Facility) будааст. Ин қарз бояд барои се сол ба Тоҷикистон пешниҳод шавад.
Чанд шарти IMF ба Тоҷикистон
СБП аз соли 2008, пас аз моҷарои ошкоршавии хилофкорӣ дар сарфи маблағҳояш, тамоми барномаҳои қарзии боимтиёз ва кумакҳои молиро ба Тоҷикистон қатъ кард. Ин ниҳоди байналмилалии молӣ танҳо имсол гуфт, ки дари музокиротро барои баррасии барномаҳои нави қарзӣ боз мекунад. Тоҷикистон чанд соли охир талош дорад аз ин бонк ба маблағи 500 миллион доллар қарз бигирад, вале СБП мегӯяд, барои идомаи ҳамкориҳо Тоҷикистон бояд шартҳои ин созмонро амалӣ кунад.
Барномаи сесолаи қарзии СБП ба маблағи 160 миллион доллар ҳанӯз соли 2012 ба анҷом расид ва аз он замон то имрӯз Тоҷикистон дигар натавонист аз ин сохтори байналмилалии молӣ кумак гирад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қарзҳои нави пулӣ метавонанд ба беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар мусоидат кунад.
«Пешравии назаррас ҳосил шудааст»
Ин сафари дувуми Падамҷа Ханделвал, намояндаи СБП, ба Тоҷикистон аст. Дар музокироти моҳи майи имсол ҳайати зери раҳбарии Ханделвал бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла намояндагони Бонки Миллӣ, Вазорати молия ва ниҳодҳои дигари ҳукуматӣ, бино ба иттилои манобеи огоҳ, чанд тавсияи чолишбарангез матраҳ шудааст, ки татбиқи онҳо мушкил ва барои Тоҷикистон тақрибан ғайриимкон арзёбӣ гуфта мешавад.
Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари ҳайати СБП аз 11 то 26-уми сентябр идома кард ва, қарор аст, ҳайати иқтисодшиносони муассисаи байналмилалии молӣ арзёбиҳои худро дар заминаи ин музокирот расман нашр кунад.
Масъулини дафтари СБП дар Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи музокироти ҳайати СБП бо ҳукумат «пешравии назаррасе ҳосил шудааст». Дар идома омадааст, ки «СБП ва ҳамкорони дигараш оид ба рушд аз хатми бомуваффақияти сохтмони нирӯгоҳи Роғун пуштибонӣ мекунад».
Аз бунёди Роғун то беҳбуди равобит бо Узбекистон
Дар посухи дафтари намояндагии ин созмон дар Душанбе гуфта мешавад, ки маълумоти комил дар бораи ҷараёни кори ҳайати СБП дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик тавассути баёнияи матбуотӣ нашр мешавад. Қароргоҳи Сандуқи Байналмилалии Пул дар Вашингтон ҳанӯз ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи ҷузъиёти музокироти Душанбе посух надодааст.
Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябр дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан мавқеи худро дар заминаи натиҷаҳои ин музокирот нашр намекунанд.
Бархе расонаҳо миёнаҳои моҳи сентябр навиштанд, ки дар баррасиҳои барномаи нави ироаи қарз ба Тоҷикистон аз ҷумла муовини якуми Бонки Миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев иштирок кардааст. Вай дар ин музокираҳо дар бораи вазъи макроиқтисодии кишвар, беҳбуди равобит бо Узбекистону Туркия, ҷараёни бунёди нирӯгоҳи Роғун ва зарурати ҷалби сармоя ба иқтисоди кишвар дар солҳои 2019-2021 маълумот додааст.
Пешниҳоди пардохти қарзи корхонаҳо ва баробарии ширкатҳо
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул. Моҳи майи соли 2018
Вале чанд манбаи огоҳ ба шарти ифшо нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мутахассисони СБП ба Тоҷикистон тавсияҳое кардаанд, ки метавонад роҳро барои дарёфти қарзи деринтизор боз кунад.
- Тавсияи аввал — муфлис ё бонкрот эълон кардани ду бонки замоне низомсози «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» аст. Зимнан, дар ин бора бори нахуст моҳи август хабар дода буданд. Дар тавсияи СБП он замон гуфта шуд, ки ҳукумат метавонад аз се пешниҳод якеро қабул кунад: “Агроинвестбонк”-ро муфлис эълон кунад, сармоягузории бонкро аз ҳисоби буҷети давлат ба роҳ монад ваё дар заминаи “Агроинвестбонк” ду бонки дигар ташкил кунад. Зоҳиран сармоягузории давлат ба маблағи 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба “Агроинвестбонк” натавонист бонкро пурра аз буҳрон наҷот диҳад.
- Тавсияи дигаре, ки аз забони масъулони СБП дар Душанбе дар моҳи сентябр садо додааст, ин пардохт шудани ҳама қарзҳои сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар корхонаҳои давлатӣ аст.
- Инчунин, мутахассисони СБП машварат додаанд, ки ҳама ширкатҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон дар шароити баробар фаъолият кунанд ва ба ширкатҳои алоҳида имтиёз дода нашавад. Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, мутахассисони СБП бо инки аз бунёди нирӯгоҳи Роғун пуштибонӣ мекунанд, маблағгузорӣ шудани ин тарҳ аз ҳисоби буҷетро машварат намедиҳанд.
«Ин шартҳо иҷронашаванда ҳастанд»
Дар ҳоле ки намояндагони сохторҳои давлатии ширкатдори музокирот аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд, як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябр дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам «ин шартҳо иҷронашаванда ҳастанд».
Ин мақоми баландпоя гуфт, «муфлис эълон кардани бонкҳо дар назари аввал кори осон аст ва шояд мушкили ҳукуматро ҳал кунад. Вале дар ниҳояти амр ҳукумат наметавонад аз манфиати муштариёни бонкҳо сарфи назар намояд. Ин ҳолат ба эътибори ҳукумат ва ҳам вазъи иҷтимоии мардум осеб мерасонад. Масъалаи Роғун ҳаёту мамоти кишвар аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди ин нирӯгоҳ тамоми талошашро ба харҷ медиҳад».
Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки буҷети бунёди нирӯгоҳи Роғун дар ниҳоят 3 миллиард долларро ташкил хоҳад дод ва аз ҳамин хотир ҳам онро мақомот “иншооти аср” ном мебаранд, иншооте, ки маблағгузории пайваста ва бетанаффусро талаб мекунад. Рӯзи 1-уми октябр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар порлумон гуфт, ки соли 2016 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 500 миллион доллар ҷалб шуд ва соли 2018 интизор меравад аз ин ҳисоб 260,1 миллион доллар бо ҳадафи истифода дар бунёди нирӯгоҳи Роғун ҷудо шавад.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, СБП ироаи қарзи навро ба Тоҷикистон бо ҳадафи ба эътидол овардани вазъи моливу иқтисодии кишвар раво медонад.
«Танҳо 14 дар сад пасандозҳояшонро дар бонкҳо нигоҳ медоранд»
Нур Сафаров, шореҳи масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, бояд мунтазири нашри мавқеи расмии мутахассисони Сандуқи Байналмилалии Пул шуд, вале то он замон мешавад гуфт, ки воқеан ҳам на ҳама шартҳои ин ниҳоди молӣ барои Тоҷикистон дар вазъияти кунунӣ қобили қабул аст.
Ӯ гуфт, буҳрони бонкии давомдор дар Тоҷикистон собит кард, ки “на ҳукумат ва на бонкҳо натавонистанд стратегияи мустаҳками рушдро дар шароити мушкили иқтисодӣ бунёд кунанд”. Ба қавли ин таҳлилгар, танҳо 14 дар сади аҳолии Тоҷикистон пасандозҳояшонро дар бонкҳо нигоҳ медоранд ва бо назардошти фақри 30-дарсади аҳоливу вобастагӣ аз даромади муҳоҷирон, “мешавад гуфт, ки захираҳои молии аҳолӣ ва ҳам сармояҳои дохилӣ чандон ҷиддӣ нест”.
Сафаров дар масъалаи қарзҳои ҳангуфти корхонаҳои давлатӣ гуфт, чунин системаи кор, ки танҳо боис ба афзоиши қарзҳо ва аз сол ба соли дигар гузаштани онҳо мешавад, бояд ислоҳ шавад ва ҷои онро низоми наву шаффофи муомилаҳои пулӣ бигирад.
Бизнеси хурду миёна — бахши муҳим
Иқтисодшиноси дигар – Матлуба Улҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон мегӯяд, воқеан ҳам талаби эҷоди шароити баробар барои соҳибкорони хурду миёна хеле муҳим аст. “Бизнеси хурду миёна аст, ки тавони эҷоди ҷойҳои корӣ барои занон, муҳоҷирони баргашта ва махсусан ҷавонҳои хатмкардаи мактабҳои миёнаву бекорро дорад. Ҳамин бахш метавонад дар ҳалли мушкилоти марбут ба бекорӣ ва сармоягузории дохилӣ мусоидат кунад ва инро бояд тасмимгирандаҳо дар ҳукумат дуруст дарк кунанд”, — мегӯяд Улҷабоева.
Матлуба Улҷабоева гуфт, аз мавқеи давлат дар робита бо бунёди Роғун пуштибонӣ мекунад ва бовар дорад, ки ин тарҳ бояд пурра татбиқ шавад, то ки барои ҷон бахшидан ба иқтисоди кишвар ва ҳам беҳбуди шароити иҷтимоии мардум дар оянда хидмат кунад.
Нур Сафаров ҳам бар ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз маблағгузории нирӯгоҳи Роғун даст намекашад, ҳарчанд дарк мекунад, ки ихтисоси ҳадди ақал 200 миллион доллар маблағ дар сол ба ин тарҳ “як бори сангин” барои буҷети кишвар аст. Вале “Роғун – дар дарозмуддат бахши муҳимтарини энергосистемаи Тоҷикистон мемонад ва ҳукумат ҳеҷ гоҳ аз он даст намекашад”.
Қарзи тақрибан 3-миллиарддолларии Тоҷикистон
Ин таҳлилгар мегӯяд, мушкили Тоҷикистон ин аст, ки бо қарзҳои зиёде, ки аз Чину сохторҳои молӣ ба даст меорад, боздеҳи истеҳсоливу содиротии заиф дорад ва стратегҳои ҳукумат бояд дар фикри нақшаҳои нави ислоҳи вазъ бошанд, то “ба манфиати тамоми ҷомеа хидмат кунанд, на танҳо барои доираҳои наздик ба ҳукумат, ки ҷараёнҳои пулиро зери назар доранд”.
Бино ба иттилои Оҷонсии омор, қарзи Тоҷикистон то 1-уми апрели имсол 2 миллиарду 859,7 миллион долларро ташкил дод. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин аст, ки қарзи кишвар аз он 1,2 миллиард гуфта мешавад.
«Озодӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ