Палто аз мӯйи мард

Агар шумо дар кӯча палтои мазкурро бубинед, дар гумон аст, ки ба аз мӯйи қафаси синаи мард омода шуданашро  бовар кунед. Барои тайёр кардани палто аз мӯйи бадани мард 200 соат вақт сарф мешавад ва он 4 000 доллар арзиш дорад. Мақсади дизайнерони ин намуди палторо ба фурӯш бароварда он аст, ки баъзе мардон беҳуда кӯшиши тани мисли бадани зан беҷурм доштанро накунанд. Вақтҳои охир мардҳо мӯйи қафаси синаашонро метарошанд, ҳол он ки ҳусни Худодод албатта хубтар аст.

Яхдон барои камбағалон

Кашфиётчии ҳинду Mansukhbhai дар давоми се сол яхдоне сохтааст, ки маҳсулотро хеле хуб нигоҳ медорад. Наздики 10 литр об тавассути сӯрохиҳои яхдони аз гил сохташуда гардиш намуда, бухор мешавад. Бухоршавӣ ҳароратро то 8 дараҷа хунук гардонида, маҳсулоти дохили яхдонро тару тоза нигоҳ медорад. Дар ин яхдон меваву сабзавот ва ҳатто ширро нигоҳ доштан мумкин аст.  «Mitticool» хӯрокро дар давоми панҷ рӯз вайрон шудан намемонад. Кашфиёти ихтироъкори ҳинду ба фонди миллии навгониҳои техникии Ҳиндустон дохил шудааст ва аллакай сармоягузороне пайдо шудаанд, ки дар рушди яхдонҳои гилини MittiCool саҳми худро гузоштанианд.

Пианинонавози бе ангушт

Алексей Романов, ятими кул, ситораи номдори лоиҳаи мусиқии «Ситораи фардо»-и оркестри камерагии La Primavera дар шаҳри  Қазон гаштааст. Ин ҷавони 15-сола, ки бе ангушт ба дунё омадааст, дар консерти ҳафтаи гузашта дар ГБКЗ ба номи Сайдашев баргузоргашта оҳангеро аз филми «Сумерки» чунон моҳирона навохт, ки дар чашмони ҳозирин ашк ҳалқа зад. Алексей дар мактаб-интернати №4 шаҳри Қазон дар синфи 9 таҳсил мекунад.

Оҳан дар сар

Мардикори 24-солаи ҳинду  Guddu, мисли ҳаррӯза дар яке аз сохтмонҳои Malad (Мумбай) семент мешуридааст, ки як меҳвари оҳанин аз ошёнаҳои болоӣ афтида рост ба сараш даромадааст. Арматур сари мардро сӯрох карда аз он тарафаш баромадааст. Ҷабрдидаро дарҳол ба яке аз беморхонаҳои шаҳр бурданд ва табибон дар давоми ҷарроҳии панҷсоата меҳварро аз сараш берун оварданд. Айни замон ҷаноби Guddu аз хатар эмин аст ва бо вуҷуди фалаҷи тарафи чапи бадан гирифтанаш, табобатро идома хоҳад дод. Табибони ҳинду муътақиданд, ки дар давоми се моҳи наздик мардикор умри дубора ёфта, пурра шифо ёфта ба по мехезад.

Грелкадамкунӣ бо бинӣ

Дар бораи рекорди тавассути даҳон дам кардани грелка мо борҳо шунида будем, вале Ҷамол Ткешелашвили ин корро бо бинӣ анҷом медиҳад. Айни замон ӯ аввалин одам дар тамоми сайёраи замин аст, ки аз уҳдаи ин кор баромада тавонистааст. Дастоварди Ҷамол Ткешелашвилиро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид намуданд. Аксарият рафти грелкадамкунии Ҷамолро назорат намуда, гумон кардаанд, ки ӯ грелкаро бо кӯмаки шушҳояш дам мекунад, вале тадқиқот нишон додааст, ки шуши Ткешелашвили аз дигар одамон ягон фарқият надорад. Ҷамол се грелкаро дар давоми  23, 16 ва 13 сония дам карда ба кафидан расонида буд. Ба наздикӣ ӯро ба барномаи  Showdown (шабакаи Discovery) даъват карданд ва Ҷамол Ткешелашвили дар пахши мустақим грелкаеро, ки дар болояш мошин гузошта шуда буд, дам карда ба кафондан расонд.

Кокостозакунӣ бо дандон

Шояд дар ҷаҳон нафари дигареро ёфтан номумкин бошад, ки ба мисли марди панамагӣ Андрес Гардини 64-сола ҳунари бо дандон тоза кардани кокосро дошта бошад.  Андрес дар давоми 6 соат  500 кокосро тоза карда метавонад. Беш аз 50 сол аст, ки ин мард бо дандонаш кокосро тоза мекунад, вале фақат чанде қабл ба китоби рекордҳои Гиннес дархост ирсол намудааст. Намояндагони китоби дастовардҳо то ҳанӯз ӯро ба сафи рекордсменҳо ворид накардаанд, вале Андресро дар маҳалаашон ҳама мешиносанд ва бо лақабҳои «Вари-Вари», «ҷаноби Т», «аҷали кокос» ҷеғ мезананд. Гардин бо дандон тоза кардани кокосро аз падараш омӯхта будааст. Аз ҳамон замони кӯдакӣ сар карда, то имрӯз вай пайваста устухонҳои ҷоғашро машқ медиҳад, то бақувват шаванд, зеро барои вай бо дандон тоза кардани кокос ягона роҳи ба даст овардани маблағ ва пеш бурдани зиндагонист. Андрес Гардин ҳамчунин бо дандонаш мошин мекашад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *