Як нақши ҷовидонӣ. Зебои синамои тоҷик даргузашт

20 сентябри соли равон қалби актриса Саодат Ҷӯраева, ки дар филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» нақши Зеборо иҷро кардааст, аз тапидан бозмонд. Саодат Ҷӯраева аз зумраи он нафаронест, ки ҳамагӣ бо як нақши офаридааш барои даҳсолаҳои баъдӣ дар қалби мухлисони кино ҳамчун «Зебои синамо» боқӣ монд.  

 Пайроҳаи тақдир

Саодат Ҷӯраева соли 1933 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Тарҷумаи ҳоли номбурда дар ягон қомус ва ё маъхази дастрас вуҷуд надорад. Зоҳиран вай мактаби миёнаро низ дар Душанбе хатм кардааст. Чун духтари зебо, қадрас ва хушқадуқомати шаҳрӣ буд, ба Омӯзишгоҳи санъати театрии ба номи Шепкинаи Маскав дохил шуд.

Киношинос Тиллои Некқадам таърихи дар Маскав таҳсил кардани Саодатро чунин нақл мекунад:

«Солҳои 50-ум Тоҳир Собиров дар ГИТИС дарс медод ва бо директори Омӯзишгоҳи санъати театрии ба номи Шепкин ошноӣ дошт. Як рӯз директори омӯзишгоҳ пешниҳод мекунад, ки аз Тоҷикистон як курси донишҷӯёнро Тоҳир Собиров ҷамъ оварад, то ки онҳо ба таҳсил фаро гиранд. Ҳамин тавр, Тоҳир Собиров саросари кишварро гашта, як идда донишҷӯёни болаёқатро ҷамъ меоварад. Инҳо: Саодат Ҷӯраева, Нозукмоҳ Шоҳмансурова, Бахталӣ Сабзалиев, Ҷаҳон Саидмуродов, Шамоэл Муллоҷонов, Оиша Турсунова, Султон Сафаров, Анвар Тӯраева, Қурбонмамад Шодмонбеков, Неъмат Ноёфтов, Дилором Ҷӯрабекова, Сайфӣ Мерганов ва чанд нафари дигар буданд, ки баъдан дар рушди санъати тоҷик саҳм гузоштанд.»

Баъди хатми омӯзишгоҳ ин гурӯҳ бо диплом ба Душанбе баргашта, дар назди Театри Лоҳутӣ нахустин театри ҷавононро ташкил карданд.

«Саодат Ҷӯраева зимни вохӯрӣ ба ман гуфта буд, ки онҳо дар ин театр ду спектаткл низ таҳия карданд, вале номи спектаклҳо аз ёдам рафтанд. Баъдан, ин театр барҳам хӯрда, гурӯҳ пароканда шуд»- мегӯяд, Тиллои  Некқадам.

  «Ман бо духтаре вохӯрдам»

 Соли 1956 режиссёр Рафаил Перелштейн барои банаворгирии нахустин филми рангаи бадеии тоҷик омодагӣ мегирифт ва барои интихоби актёрон кастинг эълон кард. Озмун ниҳоят тезутунд ва ҷиддӣ сипарӣ шуд. Беҳтарин актёрони кишвар аз асосгузорони театру кино шурӯъ карда, то ҷавонони навкор барои иҷрои нақшҳо интихоб  шуданд. Миёни онҳо Асли Бурҳонов (Мухтар-ака), София Тӯйбоева (Меҳринисо),  Абдулхайр Касимов (Ниёзи чойхоначӣ) Роза Акобирова (Лола) Ҷаҳон Саидмурадов (Саид), Саодат Ҷӯраева (Зебо) Тоҳир Собиров (Алим), Михаэл Аронбаев (Милиса), Саодат  ва дигарон буданд.  Мирзо Турсунзода махсусан барои ин филм суруди «Ман бо духтари вохӯрдам»-ро иншо кард ва композитор Андрей Бабаев ба он оҳанг баст.

Ин филм соли 1957 ба экран баромад ва дар муддати кӯтоҳ шуҳрати зиёде касб кард, махсусан иҷрокунандагони нақши Зебо, Лола ва Саид – симоҳои ҷавони кино писанди ҳамагон шуданд.

Сарнавишти Зебо

 Дар ин филм Зебо зиёд кӯшиш мекунад, ки қалби Саидро моил кунад ва барои ин дар муқобили Лола меистад, аммо кӯшишҳои вай бенатиҷа меанҷоманд. Нақши Саидро дар филм Ҷаҳон Саидмуродов бозидааст. Аҷиб он аст, ки сарнавишти Зебо ва худи Саодат монанд шуданд.

Саодат бо Ҷаҳон Саидмуродов оила барпо карданд, аммо бо вуҷуди ин Ҷаҳон Саодатро раҳо кард ва оилаи дигар бунёд намуд (Мутаассифона,  зиндагии Ҷаҳон Саидмуродов низ фоҷиавӣ ба поён расид). Самараи ин пайванд ягона писари онҳо Камол Саидмуродов аст, ки дар чандин филмҳо нақш офарид ва баъдан ҳаёташро ба варзиш пайваст.

Дар охири филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» Зебо барои ба даст овардани нақш муваффақ намешавад, гарчанде ӯ беистеъдод набуд, аммо бахташ намехандад ва гирён баромада меравад. Зиндагии Саодат Ҷӯраева низ чунин сурат гирифт…

Ӯ пас аз нақши Зебо нақши арзандаи дигареро пайдо накард.  Соли 1968 дар филми «Бо амри дил», соли 1973 дар фимли «Бофандаҳо» ва соли 1975 дар «Шикори охирин» нақшҳои эпризодии хурдро ба ӯ доданд.

Тиллои Некқадам мегӯяд:

«Ман аз Саодат Ҷӯраева пурсидам, ки чаро дар филмҳои дигар нақш набозидед? Он кас гуфтанд, ки пешниҳодҳо буданд, аммо нақши мувофиқ набуд, ман рад кардам. Баъдан, чанд нафар нақши бибиҳоро пешниҳод намуданд. Зебо куҷову кампирак куҷо? Бинобар ин, ман нақши дигаре надоштам?»

 Як занги телефонӣ

Соли гузашта бахшида ба 60-солагии филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» як матлаб таҳия карданӣ шудам. Бо ин мақсад  телефони хонаи Саодат Ҷӯраеваро пайдо карда, занг задам. Гӯширо худи муаллима бардоштанд. Чун муддаоямро гуфтам, рад карданд.

— Чаро? – суол кардам, аз эшон.

-Барои  он ки ман аллакай он Зебо нестам, — посух доданд.

-Ақаллан ба хотири ба ёд овардани он устодон ва ҳунармандоне, ки бо шумо буданд… — пофишорӣ кардам ман.

-Чӣ лозим? Маро ку касе ба ёд наовард, — посух омад аз гӯшӣ.

-Наход ягон лаҳзаи зебо ва бахотироварданӣ набошад, — мехостам ҳамсуҳбатамро моил кунам.

-Ҳаст. Ман суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам»-ро гоҳо месароям…

Ҳамин тавр, суҳбати мо сурат нагирифт.

…Як нақш кифоя буд, ки Зебо дар қалби мухлисон монад. Ба гуфти раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов: — «Гоҳо актёр бо як нақш дар таърих абадӣ мемонад, мисле ки исми Саодат Ҷӯраева бо як нақш – Зебо дар таърихи кинои тоҷик абадӣ боқӣ монд.»

Одил Нозир,

«Тоҷикистон» №40, 2018

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *