Се қувва алайҳи Ғарб. Чаро Путин хирадмандтар аз Ғарб аст?

Русия, Эрон ва Чин се маркази мустақили қудрат арзёбӣ шуданд, ки бо идеологияи густариши ҷаҳони якқутбии Ғарб ва ИМА муқовимат мекунанд.

Сиёсати раисҷумҳури Русия Владимир Путин назар ба амалкарди Амрико ва умуман Ғарб хеле оқилонатар аст. Ин нуктаро Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири раҳбари олии Эрон дар суҳбат бо нашрияи «Кайҳон» баён доштааст.

Вилоятӣ таъкид кардааст, ки Маскав ва Пекин борҳо ба ҷонибдории Теҳрон садо баланд кардаанд. Вай афзудааст, ки Русия ва Чин борҳо дар муқобилати Эрон бо кишварҳои Ғарб ҷониби Теҳронро гирифта буданд. Дар зимн таъкид шудаст, ки миёни ин давлатҳо созишнома дар бораи дӯстӣ баста нашудааст.

Ба гуфтаи вай, Шарқ, Ҳинду Чин ва Федератсияи Русия «бар пои худ устувор шудаанд».

«Ҳоло дар Осиё се маркази муҳими қудрат ба вуҷуд омада истодаанд — Эрон, Русия ва Чин, ки мустақил ҳастанд ва бо идеологияи густариш ва ҷаҳони якқутбӣ, ки Ғарбу Иёлоти Муттаҳида пеш мебаранд, истодагарӣ мекунанд»,- шарҳ додааст мушовири роҳбари олӣ.

Ӯ афзудааст, ки қаблан низ Маскав, Деҳлӣ ва Пекин қудрат ва нуфузи худро барои дифоъ аз манофеи Теҳрон равона мекарданд.

Вай изҳор доштааст, ки ҷаҳон бори аввал дар таърих чунин таназзули ҷиддии Аврупоро таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида мушоҳида мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *