Се имтиёзи голи Ромелу Лукаку ба “Рома”  

Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо дастаи “Рома” дар сафар бар тими “Шериф” зафар ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Шериф”-и шаҳри Тираспол дар ҳузури 10 711 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 2 ба фоидаи дастаи “Рома” ба анҷом расидааст.

Нахуст, ҳисобро дар бозӣ меҳмонон кушодаанд. Габи Кикии 28-сола дар дақиқаҳои иловагии қисми якуми бозӣ, аниқтараш 45+4 ба дарвозаи дастааш ғайричашмдошт гол задааст. Бо ҳамин натиҷаи 1 бар 0 дастаҳо ба танаффус рафтаанд.

Дар қисми дуюми бозӣ мизбонон бо голи Кристиан Товар натиҷаро мусовӣ кардаанд. Дар идома бо голи Ромелу Лукаку дар дақиқаи 65-уми бозӣ дастаи “Рома” ҳисобро 1 бар 2 карда, соҳиби 3 имтиёз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *