Таъкиди Сироҷиддин Муҳриддин ба маблағгузории устувор

Дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба маблағгузории соҳаи рушд ширкат намудааст.

Бино ба иттилои ВКХ, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ оид ба иқдомҳои Тоҷикистон дар самти амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода, аҳамияти тақвияти фаъолияти СММ-ро барои дастгирии кишварҳои узв дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувори он муҳим арзёбӣ намудааст.

— Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба зарурати таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ ба мақсади таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузориҳои зарурӣ таъкид намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *