Се кишвар амрикоиҳои дар Афғонистон бударо интиқол медиҳанд

Тоҷикистон дар баробари Ӯзбекистон ва Покистон ваъда додааст, ки убури шаҳрвандони Амрикоро аз Афғонистон ба қаламравашро иҷозат медиҳад

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистон ба мувофиқа расидааст, то ба ин се кишвар шаҳрвандони амрикоиро интиқол диҳанд.

Зимни суханронӣ дар Кумитаи корҳои хориҷии Палатаи Намояндагони Конгресси ИМА бахшида ба баррасии вазъи Афғонистон ӯ қайд кард, ки муяссар шуд, вазъияти сарҳадиро бо се кишвар баррасӣ кунем.

«Мо бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон кор кардем, то сарҳадҳои онҳо дар маҷмӯъ барои шаҳрвандони Амрико, дорандагони иҷозатномаи истиқомат дар Иёлоти Муттаҳида, инчунин дорандагони раводидҳо (вуруд ба Амрико — таҳрир), ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва мо ба онҳо кумак мекунем, боз бошанд.», — гуфт Энтони Блинкен.

Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо ҳар се кишвар созишномаҳои асосӣ дорад.

Илова бар ин, пас аз интиқоди шадид аз амалҳои президент Ҷо Байден ва маъмурияти ӯ дар Афғонистон, сарвари дипломатияи Амрико эътироф кард, ки ҳукуматдорони ИМА дар муқовимат бо Толибон * натавонистанд стратегияи ғалабаро таҳия кунанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Блинкен, дар нақшаи низомии зиддитеррористӣ, ИМА дар Афғонистон хеле бомуваффақият амал кард

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *