Се ситораи Шарқ Юлдуз Усмонова, Ҳамид Ҳирод ва Арон Афшор ба Душанбе меоянд

Дар Фестивали тобистонаи Душанбе, ки бо қарори мири пойтахт баргузор мешавад, примадоннаи Ӯзбекистон, Юлдуз Усмонова даъват шудааст

Фестивали тобистонаи Душанбе имсол бо ҳузури ситораҳои машҳури шарқ баргузор мегардад.

Бар хабари котиботи раиси шаҳри Душанбе, чорабинии мазкур рӯзҳои 25-26 сентябр дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт доир мегардад.

Манбаъ меафзояд, фестивали мазкур ба 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи асосии баргузор кардани он, ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ арзёбӣ мешавад.

Илова бар ин, фестивал ба хотири эълон шудани шаҳри Душанбе ҳамчун «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-21» ва «Пойтахти фарҳангии ИДМ — 2021» доир мешавад.

Зикр мегардад, ки дар баробари сарояндаҳои тоҷик, дар чорабинии мазкур овозхонҳои саршиноси шарқ ба мисли Юлдуз Усмонова, Ҳамид Ҳирод ва Арон Афшор низ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2019 дар Фестивали тобистонаи Душанбе сарояндаи муваффақ ва саршиноси олам Мансур Ҷафарӣ иштирок намуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *