Ду ҷавонмарди тоҷик зани 67 соларо таҷовуз карда ба қатл расонидаанд?

Ҷасади зани 67 — сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд ва дар содир намудани ин ҷиноят ду зодаи Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд

Дар Подмосковие ду муҳоҷири тоҷик дар таҷовуз ва қатли нафақахӯри 67 — сола гумонбар дониста мешаванд.

Кумитаи тафтишотии назди Маскав хабар медиҳад, ки ҷасади зани солхӯрда рӯзи 13 сентябр дар як минтақаи ҷангал, 160 метр дуртар аз боғи Магистрал — 2, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Бар хабари манбаъ, кормандони пулис ду нафарро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. Ҳар ду муттаҳам шаҳрвандони Тоҷикистон буда, яке 33 ва дигаре 37 сол доранд.

Гуфта мешавад, каме дуртар аз макони ҳодиса хобгоҳи муҳоҷирон ҷойгир аст. Аммо боздоштшудаҳо на дар ин хобгоҳ, балки дар манзиле иқомат мекарданд, ки он ҷо кор мекунанд.

Манбаъ меафзояд, ҳоло тафтишот алайҳи ин ҳодиса ҷараён дорад ва қонунӣ будани ҳузури онҳо дар Федератсияи Русия низ санҷида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *