Се медали тиллои Тоҷикистон дар Гран Прии Душанбе
Мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо барои нахустин бор дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҷамъбасти мусобиқот мақоми аввалро касб кард.
Варзишгарони мо дар ин сабқат 3 ҷоизаи тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.
Комроншоҳи Устопириён — варзишгари маъруфи тоҷик дар рӯзи ниҳоӣ, 4-уми июн медали тилло ба даст овард.
Дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо варзишгарони мо ду медал — 1 тилло, 1 биринҷӣ ба даст оварда буданд. Меҳрзод Суфиев дар вазни -60 кг ҷои сеюмро гирифт.
Сомон Маҳмадбеков ва Обид Ҷебов низ дар ин рӯз соҳиби медали тилло шуданд.
Дар рӯзи дуюм рақобатҳо дар вазнҳои -73 кг ва -81 кг миёни мардҳо ва -63 кг ва -70 кг миёни бонувон идома ёфт, ки ҷумҳурии моро 9 варзишгар — 8 нафар миёни мардон ва 1 нафар миёни бонувон намояндагӣ карда, ба гирифтани 1 медали тилло ва 2 нуқра мушарраф шуданд.
Гран-при Душанбе-2023 ба варзишгарон ба рейтинги офсет барои Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж хол овард. Барои ҷойи 1-ум 700 хол, ҷои 2-юм 490, ҷойи 3-юм 350 хол.
Ғолибону ҷоизадорони Гран-при Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ