Марги се нафар бар асари садама дар Ёвону Данғара ва Кӯлоб

Рӯзҳои 1-ум ва 2-юми июн дар ноҳияҳои Ёвону Данғара ва шаҳри Кӯлоб се садамаи мудҳиши нақлиётӣ бо марги се нафар, ки ду нафарашон ноболиғ аст, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъ, шоми 1-уми июн ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” Умар Сарибоев, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А. Ҷомӣ ба ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати Ҳаёти Нави н. Ёвон мошинро идора карда натавониста, бо скутери таҳти идораи ноболиғи 17-сола Исломиддин Буриев, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи скутер И. Буриев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, хабар дода мешавад, ки нисфирӯзии 2-юми июн ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Холбозор Набиев, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди деҳоти Себистони н. Данғара аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада, ба девори оҳанини муҳофизатии канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини мазкур Латифа Азимова, соли таваллудаш 1958, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Боз ҳам иттилоъ дода шудаст, ки нисфирӯзии 2-юми июн мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки онро Муқимҷон Сафаров, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб мерондааст, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Муъминобод ба шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди маҳаллаи С. Вализода аз уҳдаи рондани мошинаш набаромада, пиёдагарди ноболиғи 12-сола бо номи Марям Абдуллоева, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа ноболиғ М. Абдуллоева ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан даргузаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *