Се мушкил дар телевизиони тоҷик
Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон чанд мушкили телевизионро ном бурд.
Ӯ имрӯз, 27 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки наворбардор, садобардор, журналист дар телевизион намерасанд.
“Ин мушкил вуҷуд дорад. Баъд идеяи ҷолиб ҳам муҳим аст, ки ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ бошад”,-таъкид дошт номбурда.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио Носир Саид гуфт, ки “рӯйхати сиёҳ”-и овозхонҳо вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи ӯ, таронаҳои ҳар як ҳунарманд, ҳатто онҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, метавонанд пахш шаванд.
“Пахши таронаҳо аз онҳое вобаста аст, ки барномаҳоро омода мекунанд. Маҳз онҳо тасмим мегиранд, ки таронаҳои киро барои пахш интихоб намоянд. Масалан, дар шабакаи телевизионии «Сафина», ки ман қаблан роҳбарӣ мекардам, сурудҳои ҳамаи сарояндагон метавонанд намоиш дода шаванд»,-иброз дошт ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ