Се ошхонаи Душанбе дар як шаб ба коми оташ рафт (Видео)
Шаби 30-юми декабр, соати 02:25 се ошхона дар маҳалли бозори Саховати шаҳри Душанбе ба коми оташ рафтанд. Ин хабарро аввалин шуда Хуршед Каримов, яке аз корбарони Фейсбук бо пахш кардани видео аз ҷойи ҳодиса расонаӣ намуд.
Ошхонаҳои ба коми оташрафта «Сафо» («Ҳоҷиён»-и қаблӣ), «Сомониён» ва «Наврӯз» буданд ва сӯхтор як соат идома кардааст.
Тавре мушоҳида ва дар аксҳо дида мешавад, ду ошхонаи аввалӣ хисороти ҷиддӣ дида, ошхонаи «Наврӯз» қисман вайрон шудааст. Бояд гуфт, ки яке аз манзилҳои истиқоматӣ низ дар қафои ошхона аз сӯхтор зарар дидааст.
Масоҳати сӯхтор 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва оташнишонҳо тавонистанд давоми як соат бо истифода аз 9 мошин оташро хомӯш кунанд.
То ҳол сабабҳои сӯхтор маълум нест ва низ эълон нашудааст, ки оташсӯзӣ аз кадом яке аз ин ошхонаҳо оғоз шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки комиссияи махсус сабабҳои оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисоротро маълум мекунад. Ин ошхонаҳо дар яке аз маҳаллаҳои пуриздиҳоми атрофи бозори «Саховат» ҷойгир мебошанд.
Оташ гирифтани бозору корхонаҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби сӯхтор шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ