Се рӯзи истироҳат дар пеш аст

Сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  се рӯз -9, 10 ва 11 сентябр истироҳат мекунанд.

Муовини аввали раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон  Исмоил Файзизода гуфтааст, ки тибқи моддаи 89-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд,   рӯзи истироҳат  ба рӯзи аввали   кории  баъд аз рӯзи  иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.  Соли равон  рӯзи таҷлили Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон-  9 сентябр  ба рӯзи шанбе, ки рӯзи  истироҳат  аст,  рост омад. Аз ин рӯ,  рӯзи душанбе,  11 сентябр барои  сокинони  кишварамон рӯзи истироҳат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол муқаддам -9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва ҳамчун кишвари мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон зуҳур намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *