Фарангис Шантиё — Эрон

Орзу

Ба ҳамин ҳам шукр,

Ба ҳамин ҳавои муштараке,

Ки зери осмони ин шаҳр,

Бо ту нафас мекашам.

Ба ҳамин парса дар хиёбоне,

Ки агар чароғи қирмиз надошт,

Маро ба хонаи ту мерасонд.

Диданатро шукр,

Ки марги зудраси маро,

Чанд фасли дигар ақиб андохт.

Дурнамои шонаҳоятро шукр,

Ки барои ман эътимоди мақаддар шуд.

Будантаро шукр,

Монданатро шукр…

***

Шайдоӣ  

Иди манӣ,

Ки бояд чароғониат кунам.

Аз гарданат гирифта бо бӯса-бӯсаи бетобӣ,

То синаат танида дар қатра-қатраи ашк,

Ишқи наврасидаи манӣ.

Ки бояд номи зебое бароят пайдо кунам,

Чизе шабеҳи хушбахтӣ,

То вақте садоят мекунам,

Борони аввали баҳорро ҳам ба ёдам биоварӣ.

Умри тозаи манӣ,

Ки  бояд ба пойи ту онро сӯзонад.

Ниме аз онро дар печутоби хоҳишу шайдоӣ,

Ними дигарро дар диҳлезҳои сарди пушаймонӣ.

Хатои манӣ,

Ки намешавад чашм аз ту фурӯ пӯшонад.

Бо домане, ки гиҷ дар ҳавои ту мечархад,

Бо шарме, ки хис дар ҳузури ту мемирад.

***

 Гуноҳ

Якрангиат беқарорам мекунад,

Дар утоқе, ки

Панҷарааш рӯ ба дурбинҳои махфӣ боз мешавад.

Ва нур мегирад аз чароғқувваи сарбозӣ,

Ки ошиқиҳои маро мепояд,

Ва аз нафасҳои доғи ту шумора бармедорад.

Зулмати мартубат тозаам мекунад,

Он қадар ки бовар намекунам.

Ҳамон чурукида солиёни таҳти таъқибам,

Иртикоби гуноҳ бо ту,

Таҷрибаи дилчаспи як шӯришӣ аст.

Он гоҳ ки аз маросими тирборони худ гурехта бошад,

Ва бӯсаҳоят,

Шиллики гулӯлае аст,

Оғозгари як инқилоби вайронгар.

***

Дилтанагӣ…

Бимон,

На барои ман,

Барои ин кӯча,

Ки интиҳои он,

Дар сапеда ва интизор гум мешавад.

Барои ин хона,

Бо дилтангиҳое, ки аз пероҳани занонааш мерезад.

Барои ин утоқ,

Бо дандаҳои шикаста дар захми бекасӣ.

Барои ишқ,

Ки дар қаҳваи чашмҳои ту урён мешавад.

Бимон,

На барои ман,

Барои ин дарахт,

Ки қарор буд як қафас овоз,

Бар шохаҳояш биёвезӣ.

Барои ин баҳор бимон,

Барои ин баҳор,

Ки рӯйи шонаҳоят афтода,

Ва таркат намекунад.

فرنگیس شنتیا — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *