Се ширкати мобилӣ қариб 500 млн сомонии андозро пинҳон карданд
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ 21 июл иттилоъ дод, ки баҳсҳои судӣ бо ширкатҳои мобилии “Тсел» ва “Билайн”ду моҳ пеш ба фоидаи буҷет анҷом ёфта, санҷиши охирин пинҳонкунии андоз дар “Мегафон”-ро низ ошкор кардааст.
-Ширкати «Тсел» ба буҷет бояд 155 миллион сомонӣ пардохт намояд. То имрӯз ширкати мазкур 56,9 миллион сомониро ба буҷет пардохт кардааст. Қарзи боқимондаро, тибқи созиши нав то 1 октябр бояд пурра пардохт намояд, — изҳор дошт Нусратулло Давлатзода. -Ширкати “Билайн” бошад, аз 151,4 миллион сомонии қарзаш то кунун 103,4 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт намудаст.
Санҷиши фаъолияти ширкати“Мегафон”, пинҳонкунии маблағи андозро дар ҳаҷми 183,5 миллион сомонӣ ошкор кард. Бо «Мегафон» ҳоло ин масъалаи судӣ нест, масъалаи баҳсӣ буда, дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ