Заминларзаи шиддатнокиаш 6,7 балли дар Туркия

Дар соҳили ғарбии Туркия заминларзаи шиддатнокиаш 6,7 балл рух дод.

Дар ин бора Агентии ТАСС бо истинод ба Маркази сейсмологии баҳримиёнагии Аврупо хабар дод.

Бино ба иттилои Марказ, заминларза соати 01:31 ба вақти маҳаллӣ (03:31 ба вақти Душанбе) рух додааст. Маркази заминҷунбӣ дар километри 12-уми ҷануби осоишгоҳи машҳури Бодрум (музофоти Мугла), дар километри 16-уми ҷазираи Коси Юнон ва дар километри 90-уми ҷазираи Родос воқеъ будааст.

Тавре Агентии «Рейтер» хабар медиҳад, дар ҷазираи Кос  бар асари ин ҳодиса на кам аз ду нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамзамон, Агентӣ меафзояд, ки дар Туркия заминларза хисороти ҷиддӣ нарасондааст.

Вале тибқи гузориши шабакаи телевизиони «НТВ», аллакай тақрибан 700 нафар ба беморхонаҳои Бодрум муроҷиат кардаанд.

Раиси шаҳри Мугла эълон кард, ки заминларза дар қисматҳои алоҳидаи музофоти ҳамном ба қатъ гардидани интиқоли неруи барқ боис гардид. Ҳамчунин раиси шаҳри Бодрум дар бораи дар баъзе аз биноҳои кӯҳна пайдо шудани тарқишҳо хабар дод.

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки заминларза ба пайдо шудани тӯфони хурд оварда расондааст. Бино ба хабари рӯзномаи «The Daily Mail», заминларза ба зери об мондани баъзе меҳмонхонаҳои воқеъ дар соҳили шаҳр-осоишгоҳи Мармарис боис шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *