Вазир тавсия дод, ки сатр напӯшанд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфт, ки ӯ чун намояндаи аҳли фарҳанг зидди тақлиди занҳо ба либосҳои бегона ва пӯшидани сатр аст. Орумбекзода ин нуктаро дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш зикр кард.

Ӯ гуфт, ки «Ҳувияти миллӣ аз чизҳои оддӣ – ном, забон ва либос оғоз мешавад. Як фаҳмиш аст, ки шакл бояд ба мундариҷа мутобиқат кунад. Бинобар ин занҳое, ки либосҳои бегона аз ҷумла сатр мепӯшанд дар охир ба фарҳанги бегона дода шуда, ба гароишҳои ифротӣ пайванд шуданашон аз эҳтимол дурр нест. Бубинед, ҳамарӯза чандин зани сатрпӯш ба сифати фидоӣ ҷони худро қурбон мекунад.»

Аммо дар робита ба ин вазир гуфт, ки то ҳол шакли либоси миллии тоҷикӣ пурра коркард нашудааст ва мо худамон намедонем, ки либоси миллии муосир чӣ гуна бояд бошад. «Дастурҳои ҳукумати ҷумҳуриро дар робита ба ин гирифтем ва ҳоло таҳияи он аз ҷониби тарроҳон идома дорад»-гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *