Себ — душмани фарбеҳӣ

Себ меваи хушхӯр ва аз оҳан бой буда, ҳамарӯза истеъмоли он барои одамони хунашон кам тавсия дода мешавад. Гемоглобинро дар организми инсон баланд мекунад. Дар таркибаш витаминҳои фоиданок дошта, дилро тақвият мебахшад.

Барои нафарони мубталои фишори хун беҳтарин даво аст. Аз ҷисм намаку моддаҳои нодаркорро бароварда, барои паст кардани фишори хун тавсия дода мешавад. Беморони фишори хунашон баланд бояд ҳар субҳ 1 дона себи сабзро бо каме нони сиёҳ истеъмол кунанд. Ё ин ки як соат қабл аз хӯрок ним истакон шарбати себи сабз истеъмол намоянд.

Ҳангоми заҳролудшавӣ истеъмоли себ муфид аст. Дар таркиби себ сорбенти табиӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, заҳрҳоро аз бадан хуб тоза мекунад. Ин мева ҳолати узви ҳозимаро беҳтар мекунад, зеро дар таркибаш ҷавҳарҳои зарурии органикӣ дорад. Ба шарофати ин ҷавҳарҳо себ истеҳсоли сафро ва кори меъдаро танзим мекунад. Хӯрдани як дона себ 20 дақиқа пеш аз хӯрок иштиҳои хубро кафолат медиҳад.

Себ барои вазни зиёдатиро кам кардан фоида дорад. Ҳангоми парҳез хӯрдани себ бо кефир фоиданок аст. Заҳру таҳшинро аз бадан хориҷ мекунад. Барои харобшавӣ чунин омехтаҳои афшураҳоро тайёр карда менӯшанд: афшураи себ — 100 мл, афшураи харбуза — 50 мл, афшураи помидор — 5 мл, шарбати лимӯ — 25 мл.

Себ холестерини организмро паст мекунад. Бо ин мақсад дар як рӯз ду-се дона себ хӯрдан кифоя аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *