Сегоник дар оилаи Ҳасани Ҳайдар
Ман мухлиси ашаддии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳасани Ҳайдар ҳастам. Шунидам, ки дар хонадони ин марди асил як рӯйдоди фараҳбахш ба амал омада, якбора се тифлаки зебо ба дунё омадаанд. Мехоҳам ҳақиқат доштан ё надоштани ин овозаро бо кӯмаки газетаи дӯстдоштаам аниқ намоям.
Зафар, хонандаи “Оила”.
Овоза ё ҳақиқат?
Барои ҳақиқат доштан ё надоштани ин овозаро фаҳмидан, мо ба худи Ҳасани Ҳайдар занг задем.
—Салом! Ин телефони акои Ҳасан аст?
-Мебахшед бародар, ман шуморо нашинохтам.
-Хабарнигори ҳафтаномаи “Оила” Рустам Азимӣ ҳастам. Мегӯянд, ки дар як рӯз се карат бобо шудаед, барои ҳамин занг задам, ки Шуморо табрик бигӯям…
-Ташаккур, бародари азиз! Аз муборакбодиатон шодам. Дугоник+дугоник
-Мегӯянд, ки тавлиди дугоник ва сегоник авлодӣ мешавад. Дар хонадонатон пештар касе дугоник ё сегоник таваллуд карда буд?
—Ман худам яке аз дугоникҳо ҳастам.
—Эҳе, ин тавр бошад, чаро Ҳусейн ҳофиз нашуд?
—Мо Ҳасану Ҳусейн не, Ҳасану Зуҳро ҳастем. Аз ҳамин сабаб, вақте ки ҳамсари ман ду писари дугоник таваллуд кард, номашонро Сипар ва Сизар мондем, то ки хона пур аз Ҳасану Ҳусейн нашавад. (Механдад)
-Писарҳоятон дар ҳақиқат дугониканд ё шӯхӣ карда истодаед?
-Магар бо чунин корҳо шӯхӣ мекунанд? Шукри Худо, ман соҳиби шаш фарзанду 8 набера ҳастам. Ду писарам дугоник ба дунё омадаанд.
-Номи Сипарро фаҳмида будам, вале ростӣ, Сизарро бори аввал мешунавам. Ин шакли вайроншудаи номи аврупоии Сезар аст?
—Сизар номи форсӣ буда, маънояш камёб, қиматбаҳо аст. Сипар муҳофиз, ҳимоятгар…
3 шоҳдухтари нозанин!
—Сегоник дар оилаи кадоме аз писарҳоятон ба дунё омад?
—Сипарҷон соҳиби ду гулписар буд, бо номҳои Сорбонҷону Сомонҷон, чанд рӯз пеш ҳамсараш сегоник таваллуд карда, на танҳо сари писарам, балки сари ҳамаи аҳли оилаи моро ба осмон расонд!
-Сегоникҳо духтарчаанд ё писарча?
—Келинам се духтарчаи гул барин зеборо ба дунё овардааст. Айни замон ҳамакаса майна об карда, барои ин се шоҳдухтари нозанин номҳои муносиб фикр карда истодаем.
-Саломатии тифлакон хуб аст?
-Шаш рӯз аст, ки дар таваллудхонаи маҳалаи Советский таҳти назорати духтурон қарор доранд. Шукри Худо, табибон саломатии сегоникҳо ва модарашонро хуб арзёбӣ намуданд.
Дуэти Ҳасан ва Ноҳид барҳам хӯрд?
-Вақтҳои охир бисёр камнамо шудаед, аз ҳамин хотир, аз фурсат истифода бурда, чанд чизи дигарро аз шумо пурсиданӣ ҳастам…
-Бо камоли майл!
—Дуэти Ҳасан ва Ноҳид яке аз зеботарин дуэтҳо дар таърихи эстрадаи тоҷик буд, вале чанд соли охир шуморо бо ҳам намебинем. Сабабашро шарҳ дода метавонед?
—Ману Ноҳид дар мусиқии эстрадии тоҷик услуби нав ворид карда, муддати 18 сол дар саҳнаҳои калони дохиливу хориҷӣ якҷоя баромад мекардем. Дуэти мо то куҷо муваффақ буд, ба ин албатта мухлисон баҳо медиҳанд. Имрӯзҳо Ноҳид бо ду фарзандам дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
-Мегӯянд, ки Ноҳид аз шумо сахт ранҷидааст ва чанд сол боз қаҳрӣ ҳастед?
—Не, ин гапҳо дурӯғанд. Дар сафарҳои ҳунарӣ ману Ноҳид ҳамеша бо ҳам ҳастем. Дар чандин давлатҳо, аз ҷумла Белорусия, Украина, Маскав, Исроил ва Хитой якҷоя баромада кардем. Берун аз корҳои эҷодӣ низ муносибати хуб дорем. Ҳамчун ду дӯсти дерина тез-тез ба ҳамдигар занг мезанем, аҳволпурсӣ мекунем, аз якдигар маслиҳат мепурсем, маслиҳат медиҳем, умуман, муносибатҳои дӯстона дорем…
Нолаи ғижак ва танини гитор
—Суруди “Қадри дӯстон” хеле гӯшнавоз баромадааст. Матни суруд моли кист?
-“Қадри дӯстон” аз дафтари эҷоди Муҳаммад Холиқ ва ин охирин албоми банда аст, ки аз 18 суруд иборат мебошад.
-Дар аксари таронаҳоятон шумо танҳо ду асбоб виалон (скрипка) ва гиторро истифода мебаред. Ин услуби хоси шумост ё як жанри мусиқӣ?
-Сурудани дуэт бо ду асбоби торӣ, яъне гитара ва виалон (скрипка) нозукиҳои худро доранд. Шумораи хеле ками ҳунармандон ба ин тарз тарона эҷод мекунанд.
Охирсухан
—Замони шӯравӣ барои Ҳасани Ҳайдарро “закас” кардан тӯйдорҳо баъзан як ҳафта дар пушти дараш мехобиданд. Имрӯз ҳам ба тӯйҳо меравед?
-Ҳар як сароянда ба ғайр аз сурудҳои саҳнавӣ дар репертуари худ захираи сурудҳои тӯёна дорад. Имрӯзҳо низ дар маҳфили ёру дӯстон аз базаи сурудҳои тӯёна месароям.
-Айни замон дар куҷо кор мекунед?
-Дар муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” ба ҳайси ҳунарманди дараҷаи олӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии аълочии фарҳанги ҶТ, Олимҷон Солизода, писари Ҳунарманди шинохтаи тоҷик, шодравон Алиҷон Солиев фаъолият менамоям.
-Барои чунин суҳбати ошкоро ва гарму самимӣ ба шумо як ҷаҳон ташаккур! Дуо мекунем, ки тавлиди сегоникҳо ба хонадони шумо бахту саодати нав оварад ва ҳамеша сарбаланду некном бимонед!
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ